Муњаммадљони Шакурии Бухорої
Эрони имрўз сарзамини бисёр њосилхезе воќеъ аст, ки мо
дилбастагии махсус ба он дорем. Бисёре аз уламои бузург
аќида доранд, ки нажоди ориёї дар он сарзамин, дар доманаи
кўњњои Њиндукуш дар канори рўди Љайхун ва Сайњун
нахустин рўзњои зиндагии хешро гузаронидаанд. Китоби
осмонии Эрони ќадим, яъне Авасто кишвареро нишон
медињад, ки обу њавои он хулди замин буд ва аљдоди мо
нахуст дар он љо парвариш ёфтанд ва ба ќаринае метавон ёфт,
ки мурод њамон арзи мавъуди эрониён ва њамин хиттаи
дилкаши савоњили Љайњун ва Сайњун аст. Уламои таърих
аќида доранд, ки мо эрониён аз он љо омадаем ва Эрони
имрўз ба манзалаи хонаи дувуми мост».
1
Оњ, оњ, агар мо њама ин нуктањои барљастаро, балки
бештар аз инро медонистем ва медонистем, ки сарчашмадори
забони форсии дарї - забони ањли бињишт, забони париён, забони
зиндасоз ва зинданигоњдори Аљам, забони пирўз бар ѓосибони
араб, наљибзодагоне мисли Низомї, забони рўњияи Алломаи
Иќбол мо, ба истилоњ эрониёни шарќї будаем, яъне Бухорову
Самарќанду Балху Хуросон мањди зоишу болишу густариши ин
забон будаанд, имрўз онро ба чунин хорї, забунї, паршикастагї,
бемоягї ва бебизоатї намекашондем ё дасти кам то метавонистем,
намегузоштем, ки соњибони ѓамхору дилсўзе аз Маскав ё дигар
љойњо ё аз миёни ќаламшикастагону забонгумкардагони
худбехабару худобехабари манфиатљўи паллабини бумї пайдо
кунад ва онро ба се шоха - форсї, дарї, тољикї аз њам људо
кунанд, ба он боз шоху шохчањое бибанданд ва њар кадомро људо
биёмўзанд ва гоњ-гоњ миёни онњо монандињое кашф кунанд...
Албатта ин њар ранг карданњои аљониб маълум аст, ѓараз аз се
1
Саиди Нафисї. Сарзамини поки ниёконам. Аз китоби «Тољикон дар
масири таърих». Гирдоварї ва тањќиќи Мирзо Шакурзода. Интишороти
байналмилалии «Алњудо». - Тењрон.
12