Хуросон аст ин љо
садаи дањ (ањди оли Сомон - М. Ш.) аз фалсафаи Юнон ва
дастовардњои зењни њиндувон огањї доштанд. Ба онњо танњо як чиз
намерасид: ирода барои корнамої, шўњратљўї, аз худ гузаштагї
дар роњи ояндаи дур ва идеал».
1
Шариф Шукуров мегўяд, ки агар
дар њаќиќат чунин мебуд, агар њаќиќатан ба тољикон ирода камї
мекард, «шеъри нафиси ањди Ѓазнавиён ба вуљуд намеомад,
њунарпешагон ва хушнависон кори худро давом намедоданд,
меъмории даврони Темуриён пайдо намешуд, њатто шеъри баланди
туркї (чунончи осори Навої - М. Ш.) эљод намегардид».
2
Њаќ ба
љониби Шариф Шукуров аст, ки миёни «эњтиросмандони рўњ»
(пассионарии духа) ва «эњтиросмандони љисм» (пассионарии плоти)
тафовуте дидааст ва аќида изњор кардааст, ки аввалан амали
«эњтиросмандони љисм» ба таърихи зоњирии воќеъотї тааллуќ
дорад ва амали «эњтиросманди рўњ» ба таърихи аќлонї, сониян
«таърихи воќеъотиро мардуме, ки шамшер ба миён овехтаанд, ба
вуљуд меоранд ва онњое, ки китоб дар даст доранд, бар он таърих
чира мешаванд». Ин аст, ки «љањони эрониёни шарќї дорои «ирода
барои користон» буд, вале иродаи он користони аќлониро дар
назар дошт, ки маѓзи корнамоињои воќеъотист».
3
Оре, тољикон як умр рў ба рў бо турктози беамон буданд ва бо
силоњи донишу њунар онро посух гуфта илољ мељустанд.
Бо сарбаландї метавон гуфт, ки он муборизаи сахти њазорсола
чи дар даврањои алоњида ва чи дар нињояти кор бо пирўзии
маънавии тољикон, бо пирўзии пурраи фарњанг ва забони тољикї
анљом ёфт. Тољикон дар њама марњилањои мубориза зоњиран
1
Л. Н. Гумилев. Тысячелетие вокруг Каспия-Баку, 1992, стр. 22.
2
Ш. Шукуров. Евразийская проблема в свете некоторых рассуждений Л.
Н. Гумилева, в кн.: Евразийская перспектива (Культура и будущее России).
- М., 1994. стр. 190.
3
Њамон китоб. сањ. 190, 191, 192. Инчунин ниг.: Шарифї Шакурї ва
Рустами Шакурї. Осиёи Марказї. Даромаде бар рўњиёти мардум. Тењрон,
Маркази аснод, 1386=2002, сањ. 57-66.
61