Хуросон аст ин љо
Дар баъзеи чунин манбаъњои таърихии русї љузъиёту тафсилоти
љолибе зикр шудааст. Масалан А. Д. Гребёнкин, ки дар дањаи
шастуми ќарни 19 бо лашкари рус ба Осиёи Миёна омада буд, љо-љо
хулосаи сўњбатњоеро, ки бо мардуми мањаллї, бо тољикону ўзбекон
дошт, баён кардааст. Инак, намунае аз он сўњбатњо, ки дар водии
Зарафшон иттифоќ афтода ва иљмолан баён шудааст:
«Тољикон дар бораи худ мегўянд: Мо љангро дўст намедорем.
Мо хона дорем, замин, дукон дорем; мо кор мекунем ва бо кори худ
зиндагї ба сар мебарем. Љанг моро бенаво мекунад. Ўзбек чизи
дигар аст. Ўзбекон он гоњ ки љанг мекунанд, ба серї мерасанд».
А. Гребёнкин дар љои дигар аќидаи тољикону ўзбекони ќарни
19-ро дар бораи якдигар чунин овардааст:
«Ўзбекон дар сухан тољиконро писанд намекунанд, баъзе аз
ќавмњои ўзбек бо худситої мегўянд, ки ба тољикон духтар
намедињанд. Аммо тољикон аз ин назарногириву нописандињои
ўзбекон табассум мекунанд ва мегўянд: «Ўзбекњо бе мо зиндагї
карда наметавонанд, мо онњоро дар дасти худ нигох, медорем… Мо
ба онњо пўшок медињем, онњоро ёд медињем, ки кадом чизро бо
кадом чиз хўрдан бењтар аст, чи тавр либос пўшидан лозим аст,
онњоро дар мактабхона ва мадраса таълим медињем, ба онњо ќозї,
мулло, пиру шайх мерасонем, мањорат меомўзем ва бо анвоъи мол
таъмин мекунем. Дуруст аст, ки дар замони љанг ўзбекњо моро
мекўбанд, ѓорат мекунанд, вале чун оромї расид, мо ќусури ин
зарарњоро мебарорем. Ўзбек бисёр сода аст». Таќрибан ин тавр њар
бор тољикон суханро поён медињанд».
1
Чунин буд муносибати байни тољикону ўзбекон дар нимаи
садаи 19 дар водии Зарафшон - дар Панљакат, Самарќанд, Ургут,
Каттаќўрѓон ва ѓайра. Маълум мешавад, ки тољикон вазъи худ ва
1
А. Д. Гребёнкин. Узбеки (Ўзбекон), «Русский Туркестан» («Туркистони
Русия»), вып. 2. - М., 1872, стр. 37 ва 49-50.
65