Хуросон аст ин љо
давлатњо, балки аз оѓози њаёти маънавии башарият ба њисоб овардан
мехоњад. К Ясперс дар китоби «Саргањњои таърих ва маќсади он»
(1949) мегўяд, ки тамаддуни Байнаннањрайн ва Мисри Ќадим
моњияти маънавї надошт, дину ойини онњо «дорои хусусияти љодуї
буда», «аз равшангарии фалсафї, аз шавќи растагорї» мањрум буд.
Аммо дар «даврони мењвар» њаёти маънавї оѓоз ёфт, динњои љањонї
ва файласуфњо ба дунё омаданд, чанд «маркази маънавї» пайдо шуд,
«фарњангњои мењвар» ташаккул ёфтанд ва ањли башар аз љањонбинии
устураї (мифологї) ба тафаккури фалсафї гузашт.
К. Ясперс мегўяд, ки дар «замони мењвар» «њама љараёнњои
фалсафаи Чин ба вуљуд омад», «дар Њинд Упонишод пайдо шуд...
дар фалсафаи Њинд, чунонки дар Чин буд, њама имконоти дарки
фалсафии воќеият... баррасї гардид… Зардушт дар бораи оламе
сухан меронд, ки муборизаи некї бо бадї давом дорад; дар
Фаластин пайѓомбарон... зуњур карданд; дар Юнон замони мењвар
замони Њомер, файласуфњо Парменид, Њироќл, Афлотун,
фољианигорон, Фукидид ва Архимед буд».
1
Ба гуфти К. Ясперс дар
он замон «чунин навъи инсон, ки то имрўз мављуд аст, пайдо шуд»,
«инсон њастиро ба яклухтї, худро ва њудуди худро дарк кард»…,
«чун њудуди худро муайян мекард, пеши худ маќсадњои олї
мегузошт, мутлаќиятро дар аъмоќи худогоњї ва возењияти дунёи
бартар аз таљриба (транссендент) дарк намуд. Ин њама ба воситаи
андешапарварї (рефлексия) ба вуљуд меомад, «маќулаю
категорияњои асосї, ки мо то имрўз дар заминаи онњо фикр мекунем,
тарњрезї шуд, асоси динњои љањонї, ки имрўз њам дар њаёти мардум
мавќеъи бузурге доранд»,
2
пайгузорї гардид.
Ин аст, ки парвози афкори маънавї барои инсоният он
арзишњоеро овард, ки имрўз њам зиндагии мо поя бар онњо дорад.
1
К. Ясперс. Смысл и назначение истории (Маънои таърих ва њадафи он). -
М., 1991, стр. 32-39.
2
Дини буддої, яњудї, исавї дар мазар аст.
47