Хуросон аст ин љо
мероси биогенетикии худро низ медињанд»
1
, яъне этносе, ки ѓолиб
омад ва этноси дигарро њамгуни худ ва тањлил кард, њам
хусусиятњои табиъї, масалан, ќиёфаи зоњирї, њам арзишњои
фарњангии халќи тањлилшуда ва нестшударо ба мерос мегирад.
Албатта дар ин њаќиќат шак нест. Лекин ба ин њаќиќат низ набояд
шак овард, ки миллати тољик тањлил нагардидааст ва нест
нашудааст. Тољикон дар Мовароуннањр танњо ќисман гирифтори
ассимилятсия омадаанд, фаќат як ќисми онњо мансубияти миллии
худро дигар карда, ўзбек шуданд, аммо ќисми асосии онњо ба
сифати миллате њанўз дар маќоми таърихии худ устувор истодаанд.
Аз ин ру касе њак, надорад, ки он њама арзишњои фарњангиро, ки
аљдоди тољикон офаридаанд, ба мерос бигирад. Меросро аз
мурдањо мегиранд. Онњо, ки зиндаанд, худ соњиби комилњуќуќи
дороињои маънавии худанд. Ба ѓосибони ѓолиб лозим меояд, ки он
љо ки пирўзї ёфтаанд, асосан бо ѓаниматњои моддї ќаноат кунанд.
Этносе, ки ќисман тањлил шудааст, мероси фарњангї аз даст
намедињад, балки ба ќадри он бештар мерасад, онро бештар эњтиёт
мекунад, бештар афзоиш медињад. Этносе, ки ба этноси дигар
ќисман пирўзї ёфт, фаќат аз он замон, ки пирўзї ёфт ва танњо дар
он њудуд ки пирўзї ёфт, соњиби арзишњои фарњангї хоњад буд,
соњиби он арзишњое хоњад буд, ки худ дар офариниши онњо ширкат
варзидааст. Хоразмиён асосан пас аз садаи сездањ турк шуданд,
туркиятпазирї дар Чочу Фарѓона бештар баъди садаи њафтдању
њаждањ, дар водии Зарафшон баъди истилои Русися суръат ёфт.
Танњо пас аз ин дар ин ноњияњо он чи тољикони навўзбек аз
арзишњои фарњангї эљод карданд, ба фарњанги туркии ўзбекї илова
гардид, љузъе аз фарњанги ўзбекї шуд. Он чи тољикони дирўза то
туркиятпазирї эљод карда буданд, як љузъи фарњанги эронии
Мовароуннањр буд. Он чи онњо пас аз турк шудан офариданд, ба
1
Ю. В. Бромлей. Очерки теории этноса. - М., 1983. стр. 283.
73