Муњаммадљони Шакурии Бухорої
насињатномањо, љангномањо, осори манзуму мансур ва кутуби
илмиву таърихї сабаќњои кофию шофї кам гирифт ё фаромўш
кард, ё корбаст накард ва пештозияш гоњо аќибтозї буд, устод
Шакурї дар ин халоъ зарурати иншои чунин китоберо эњсос кард.
Устод Шакурї, ки марди поксиришт ва накусияр, яке аз
љонфидоёни арсаи тамаддуну фарњанги тољик, ки бо чашми худ
сўхтанњои китобњо, ба фалак дуд кашидани сўхтори китобњо (яъне
дуди оњи миллати тољик!), ба торољ рафтани китобхонањои Бухоро,
минљумла китобхонаи ќиблагоњаш Шарифљон-махдуми Садри
Зиёро, ки Аллома Садриддини Айнї дар он љо «гарди мењмонхона»
хурдааст, дар тўли њафтод соли умр ва панљоњ соли ќаламкашиву
аламкашиаш аз болову поён њарфи тањсинбарангезе кам
шунидааст, басо бўќаламунсифатии одамон ва замонро дидааст,
ўзбак шудани тољикони Бухороро бо чашми сар дидааст, хор
шудани њар њиљо, њар калима, њар вожаи забони точикиро эњсос
карда ва дар китоби «Њар сухан љоеву њар нукта маќоме дорад» ба
ќадри донишу њиммат барои софкории забон ва саранависї ќалам
судааст; марде, ки ман пай мебарам, дандон рўи љигар гузошта,
дуди чароѓ хурда, њангоми иншои китоби њозир сари њар љумла, њар
таъбир, њар фиќра, њар нукта дар худ сўхтааст ва боз паи идомаи
љумлаи дигар, ангораву андешаи дигар мисли мурѓи самандар аз
хокистар эњё шуда ба фазои матлабу маќсади баландтаре боли
парвоз кушудааст, марде, ки аз рўз бурида ба шаб дўхтааст ва
шабњои худро аз домани андешањои миллатпарварона ва
фарњангдўстонаи худ тўлонитар ва пањнотар кардааст, марде, ки
гуфтї аз домони модар барои сўхтан, танњо барои сўхтан бањри
халќ, Ватан, сухан, маънавият, њувият, рўњоният, яъне тамомият ва
яклахтиву якпорчагии миллати худбохтаву худнашнохтаи худ зода
шудааст, марде, ки имрўз дар муњити бењангию берангии фарњанги
мо мисли сахрае побарљо истодааст; марде, ки дар кўчањои чиркину
бефайзи Душанбеи имрўз пиёда, сари хам, аммо бо кифи пурбор, бо
андешаву виќори баланд ба кор мераваду ба хона меояд ва дар дил
мегўяд «ман њам худое дорам!»; марде, ки мебинад дар кўчахо
14