Хуросон аст ин љо
таъмини баќои умри миллат гоњ забон дорои ањамияти дараљаи
якум аст. Дар ин маврид то чи андоза ањамияти калон доштани
забон аз ин маълум мешавад, ки халќе дар натиљаи як фољиаи
бузурги таърихї муваќќатан ё абадан, ќисман ё тамоман аз
тамаддуни олии худ мањрум гардад њам, шояд љисман боќї хоњад
монд, бо каму кости бисёре бошад њам, њастии фарњангии худро
давом хоњад дод, ба унвони воњиди этникие вуљуд хоњад дошт,
аммо агар аз забони миллї мањрум шавад, шояд мансубияти
миллии ў таѓйир хоњад ёфт.
Дар ин бобат таърих мисоли бисёр дорад. Дур наравем, ба
таърихи халќи тољик ва Осиёи Миёна рў оварем. Мардуми
Хоразм то ќарни 13 ба забони хоразмї ва форсї гап мезаданд ва
эронї ба шумор мерафтанд. Вале чун забони туркї
бипазируфтанд, турк шуданд ва њоло онњоро њаќќан ўзбек
медонем. Мардуми бисёр ноњияњои Фарѓона низ чун ба забони
туркї гузаштанд, тољикияти худро аз даст доданд. Солњое ки
камина љавон будам, академик А. А. Семёнов ба њар муносибат
гаштаву баргашта таъкид мекард, ки 150 сол пеш аз ин мардуми
Тошканд ба форсї сухан мекарданд, баъд ба ўзбекї гузаштанд. Ин
њаќиќат дар садаи 19 ба бисёр касон маълум буд ва яке аз русњое,
ки бо лашкари истилогари Русия омада буд, навиштааст, ки
«тошкандиён аксаран њамон тољиконанд, ки ... бо ўзбекон
омехтаанд»
1
. Ин гап чунин маънї дорад, ки тошкандиён то он гоњ
ки забонашон форсї буд, тољик буданд, аммо имрўз шубњае нест,
ки ўзбеканд. Ва њол он ки унсурњои асосии маданияти маънавии
онњо бо њамон устувории анъанавии пештара боќї мондааст ва
аксаран бо минтаќањои тољикнишини воњањои Осиёи Миёна
1
А.П. Хорошихин. Сборник статей, касающихся Туркестанского края
(Маљмўаи маќолањое, ки ба кишвари Туркистон оиданд). - Спб., стр. 226,
иќтибоси мо аз китоби Р. Масов Таджики: история с грифом совершенно
секретно» (Тољикон бо рамзи комилан сиррї). - Душанбе, 1995, сањ 142.
41