Муњаммадљони Шакурии Бухорої
мутамаддин аст, омили моњиятнамоест, ки барои фањмидани
ањамияти таърихии њодисањо, барои дарки маънои рўйдодњои
дирўзу имрўз ва робитаи онњо имкон дода, андўхтањои хираду
закои инсонро, ки дар сањифањои китоби таърих сабт аст, ба
хидмати имрўзу фардо мегузорад.
Чун инони таърихро ба даст гирифтан мехоњем, нахуст аз
биниши таърихї рањнамої бояд љуст. Албатта тамоми таърих,
њама љузъиёту тафсилоти он, њама воќиањо, номњо, санањо ва
ѓайраро дар ёд доштан душвор ва номумкин буда, зарурате њам
надорад. Барои имрўзу фардо муњимтарин лањзањо, умдатарин
рўйдодњои замонњои гузашта, ки маъною мундариљаи инкишофи
таърихї ва марњилањои људогонаи онро равшан мекунад,
ањамият дорад. Дурусттар он ки њама фактњои чудогонаи муњим,
њама љузъиёти моњияткушо ќодиранд чун силоњи мубориза
хидмат кунанд, валс умуман на љузъиётписандию зоњирбинї,
балки яклухтиву ягонагии таърих, дарки маъиои асосии он
биниши иљтимоъиро тезис мебахшад. Таърихи миллат, ки бо
шири модар ба хуни шахс даромада ба сиришташ нишастааст,
тезбиние, ѓаризае, савќи табиие дар шниохти худвежагињои њаёти
халќу кишвар, манфиатњои миллат, идеалњо ва њадафњои миллї,
дар шинохти тамоюлоти рафти замон ва њолату вазъиятњои нави
таърихї ато менамояд.
Донишманди таърихшиноси рус В. О. Ключевский гуфта
буд, ки «чун ниёгонро меомўзем, худро мешиносем».
1
Имрўз мо
тољиконро зарур омадааст, ки аљдодро биёмўзем, то худро
бишносем. Њељ яке аз риштањои худшиносии шахс ва љомиаро
бидуни ёди таърихї тасаввур наметавон кард. Њар амали
муњимми иљтимоъї он гоњ кам ё беш амали огоњона хоњад буд, ки
1
В. О. Ключевский. Письма. Дневники, афоризмы и мысли об истории
(Номањо, рўзномањо, њикматњо ва андешањое дар бораи таърих). - М., 1968,
стр. 332.
30