Муњаммадљони Шакурии Бухорої
тољикї он маъноро ифода накунад ё маънои дигаре, њатто маънои
аксро ифода намояд ва ё тамоман маъниеро ифода насозад. Мисоли
чунин њолатњо дар китоби муаллифи ин сатрњо «Њар сухан љоеву
њар нукта маќоме дорад» (1968 ва 1985 ва 2005) бисёр омадааст. Аз
ин мисолњо маълум мешавад, ки мо ќобилияти дуруст фикр
карданро аз даст дода истодаем. Метавон гуфт, ки як ќисми
мардум, чунончи бархе аз зиёъиён, бисёре аз кормандони соњаи
идоракориву маъмурият, илми иќтисод, тиб, њуќуќ ва ѓайра
ќобилияти баёни дурусти тољикиро хеле аз даст додаанд. Ин гап
чунин маънї дорад, ки таъсири беруна, дурусттар он ки фишори
фарњангии аљнабї ќобилияти зењнии миллат ва тафаккури миллиро
аз дарун хароб мекунад.
Боз њам айб дар ин нест, ки шаклу сохторњои бегона ба тарзи
тафаккури миллї дохил шудаанд. Агар онњо хилофи тафаккури
миллї намебуданд, омадани онњо падидаи мусбате мебуд ва зењни
моро тезї ва дорої меафзуд. Баъзе аз онњо дар њаќиќат наќши
мусбате дар аќлу њуши мо доранд. Лекин шаклу сохторњое, ки
хилофи њосияту вежагии зењнияти миллист, амали харобкор дорад,
табъу завќро вайрон мекунад, истиќлоли табъро аз байн мебарад,
боиси мањрумият аз нозукињои тарзи адои хос мегардад.
Бояд таъкид кард, ки ба маънавият ва фарњанги миллї
фаровон ва бо фишор ворид омадани унсурњои бегона њаргиз аз
падидањои робитаи фарњангии байналмилалии борвар нест, балки
як навъ таљовуз аст, истилои фарњангист, ки табъу завќ, њиссу
њаяљон, шеваи андеша ва тарзњои ифодаи маънавиятро ољизу
нотавон месозад, аз табиъият ва худвежагии аслї мањрум мекунад.
Вуруди пурфишору зўроваронаи фарњанги бегона фарњанги
миллиро ба тобеъият мегирад ва хароб мекунад. Он гоњ фарњанги
ягона ва якпорчагии миллии таърихї гусаст меёбад.
356