Муњаммадљони Шакурии Бухорої
86
шумораро ба 2. 100. 000 тољики аморати Бухоро (ки дар боло зикр
шуд) илова кунем, адади тољикон дар Варорўд ба 3. 400. 000
мерасад. Омори дигаре њам њаст (ва агарчи бештари ин шуморњо
нодаќиќ, гоњ тахминї ва хилофи якдигаранд), онро низ ин љо
меорем. Њангоми љоншумори соли 1897 ва дар дањаи оѓозини садаи
бист шумораи халќњои Осиёи Миёна ба ин ќарор будааст: тољикон
1. 890. 000, ўзбекњо 2. 000. 000, ќозоќу ќирѓизњо 1. 571. 000,
туркманњо 450. 000. Ба љуз ин, ќариб як миллион (967. 000) сорт
мављуд буд, ки бештар тољикони навўзбек ва тољиконеро, ки
забони ўзбекиро низ медонистанд, сорт номидаанд (ва кордорони
Ўзбекистон њангоми саршумори соли 1926 њамаи сотрњоро ўзбек
навиштанд). Аз ин љо њам пайдост, ки миллати тољик дар даврони
инќилоботи 1917 ва 1920 дар шумора аз њеч халќи Осиёи Миёна
камї надошт, аммо дар таърихсозї ва тамаддунофаринї аз њамаи
онњо бартар буд. Бо вуљуди ин, чунонки дар боло дидем, Ленин
дар дастурномаи худ туркманњоро, ки 450. 000 нуфус доштаанд,
номбар кардаасту тољиконро, ки на камтар аз 2. 000. 000 будаанд,
ном нагирифтааст. Пас аз ин, тартибдињандагони санадњои
њизбии нимаи оѓозини дањаи бист аз пайи Ленин рафта, њеч боре
номи тољикро ба забон нагирифтаанд (ѓайр аз Ленин дар як
навиштае). Пайдост, ки сарварони шўравї чанд соли пас аз
инќилоби 1917 дар бораи вазъи Осиёи Миёна гоњ огоњии
мушаххас надоштанд ва дар њолате, ки аз ќувват гирифтани
пантуркизм ва талабњои ќатъии пешвоёни халќњои турк ба
ташвиш омада буданд, барои посух гуфтан ба даъватњои он
пешвоёни турк меандешиданд ва сарнавишти мардуми тољик дар
мањдудаи ин андеша гунљоиш надошт.
Гузашта аз ин дар фаъолияти бисёр сарварони њизбии
Маскав ва Тошканд чораандешињое бар зидди тољикон ва ба суди
пантуркизм ба назар мерасад. Инак, чанд мисол.
Моњи майи соли 1921 собиќ раиси Њизби коммунистии
Бухоро Наљиб Њусаинови тотор аз Маскав ба Бухоро ба номи
раиси онрўзаи Њизби коммунистии кишвар Олимљон Оќчурин,
ки низ тотор буд, чунин телеграмма фиристод: «Бояд ба он
муваффаќ шуд, ки бештар аз нисфи ањолии Бухороро ўзбекњо,
ќисми хурдеро туркманњо, баъд эрониёну яњудиён ташкил