Муњаммадљони Шакурии Бухорої
78
замон, ба вежа ќувват гирифтани њукмронии туркњо мардумро
ба он вомедошт, ки «ба ихтиёри худ» туркї бипазиранд.
Чун бархе аз тољикон забони туркї пазируфтанд, њолати
аљибе рўй дод. Он тољикон, ки турк шуданд, фарњанги
моддиву маънавиашон чун пештар монд. Урфу одат, пўшоку
хўрок, суруду раќс ва ѓайра њама монанди пештар буд, тољикї
буд. Онњо ба забон турк, ба фарњанг тољик буданд. Тавон гуфт,
зоњиран ўзбек, ботинан тољик буданд.
Ба њар њол чун забон дигар шуд, тарзи тафаккур низ
андаке дигаргунї пазируфт. Ба шуури фарњангии навтуркњо
каме њам бошад, унсурњои фарњанги туркї роњ ёфт. То андозае
дурї аз фарњанги ориёии эронї оѓоз ёфт ва чењраи маънавии
мардум як андоза таѓйир ёфт. Рафта-рафта тољикони
туркизабон дигар худро на тољик, балки ўзбек ба шумор
оварданд.
Бо фољиаи турктози асри њаждањ, бо гуруснамаргињо ва
муњољиратњо шумораи тољикон дар баъзе љойњои Варорўд кам
шуда буд, бо турксозии рўзафзун боз камтар шуд. Вале сипоси
бепоён Худойро, ки афзоиши табиъии тољикон хеле суръат ёфт
ва дар андак муддат тољикон сершумор шуданд.
Аз турк шудани як ќисми тољикон чї натиља њосил шуд?
Забони ўзбекї пазируфтани бархе аз тољикон дар Варорўд чї
дигаргунии таърихї аз пай овард?
Посухи чунин пурсишњо хеле тафсил мехоњад, вале мо
кўтоњак мегўем, ки ба забони ўзбекї гузаштани бархе аз
тољикон як рухнамуди мудњише дар таърихи онњо буд. Рў
гардонидан аз забони модарї ва миллияти аслии худ як фољиаи
бузурги таърихї буд. Моњияти фољиавии ин рўйдод иборат аз
ин буд, ки бо турк шудани баъзе аз тољикон осеби бузурги
маънавї ба миллати тољик расид. Акнун турк тољикро љисман
мањв намекард, балки маънан нест мекард. Тољики туркшуда
дар ќиёфа, дар зоњир њанўз њамон буд, ки буд, лекин ба њар њол
то андозае ботинан, маънан дигар шуда буд, ўзбек шуда буд.
Ў ба сифати тољик рўњан нест шуда, якбора ба унвони ўзбек
арзи вуљуд кард. Њамин турк шудани тољик маънои мањви
маънавии ўро дошт.
Аммо навўзбекон бартарии фарњангї доштанд, њаёти
маънавии љомиа дар дасти онњо буд, њатто дар Туркистон,