Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
43
њеч созгорї надорад. Аз ин љумлаи устод Айнї, ки С. Табаров
далел овардааст, њаргиз чунин маънї намебарояд, ки «мардуми
мазлуми аморати Бухоро» инќилоб карданд ва ин инќилоб,
чунонки С.Табаров мегўяд, «баромади халќї» буд.
На, дар гуфтаи Айнї њаргиз чунин маъно нест. Баръакс,
Айнї таъкид кардааст, ки «асокири сурхи шўравї» ва
«љавонбухориён» ба тољу тахти амир њуљум оварданд.
Инќилоби Бухоро фаќат кори њаминњо – кори љавонбухориён
ва асокири сурх буд. На кори халќ.
Устод Айнї ин љо дар инќилоб танњо ду ќувваи сиёсии
низомиро чун омили асосї номбар кардааст: Артиши сурхи
шўравї ва љавонбухороиён. Ќувваи саввум, масалан, оммаи
мардум номбар нашудааст. Ба аќидаи мо, ин љо Айнї ќувваи
асосии инќилобкорро дуруст муайян кардааст. Айнї боз њам
омилњои асосии њалкунанда дар рўзњои инќилобро на аз рўи
баёнияњои расмии пешвоёни инќилоб, балки аз рўи њаќиќати
њол ба ќалам гирифтааст. Ин њам як намуна аз њаќгўии устод
Айнист, ки дар боло ишора кардам.
Аз мушоњидањои баъзе касоне, ки рўйнамудњои инќилобиро
бо чашми худ дидаанд, низ метавон бовар њосил кард, ки
мардуми зањматкаш ба инќилоб чандон ширкат накардаанд.
Чунончї, аз «Рўзнома»-и Садри Зиё мебинем, ки дар рўзњои
инќилоб аз Ќаршї то Бухоро мардуми дењот тарсону њаросон аз
сарбозони шўравї гурезон буданд. Файзуллоњ Хоља дар рисолаи
ёдшудаи худ ёдмондањои Г.Омелюстыйро бо сарлавњаи «Дар зери
деворњои Бухоро» («Под стенами Бухары») овардааст, ки мегўяд:
чун сипоњиёни Фрунзе ба шањр даромаданд ва љанги сахти кўчагї
сар шуд, мардум аз бомњо ва тирезањо ба сари сарбозони Фрунзе
оби љўш мерехтанд» (ошпарываемые даже кипятком с крыш,
окон»)
1
. Ба гумони мо, оби љўш рехтан ба сари душман на кори
сарбозони амир, балки кори халќи шањр буд, ки ба таври худ бо
сипоњи ишѓолгар пархош доштанд.
Ногуфта намонад, ки масъалаи ба вуљуд оварда шудани
Артиши Сурхи Бухоро дар се соли пеш аз инќилоб (1918-1920)
низ аз баъзе љињатњо то андозае шубњаовар аст ва ба фикри мо
ба пажўњиши вежа эњтиёљ дорад.
1
Ниг.: Ф. Ходжаев. Избранные труды, т. 1, с. 189.