Муњаммадљони Шакурии Бухорої
334
намекунад. Ин омор, ки намунаи онро мо дар навиштањои худ
зиёд овардаем, бозгўй аз тољиккушии инќилобист. Фарќи он аз
тољиккушии Чингизу Темур ин аст, ки Чингизу Темур љисман
нобуд мекарданд, пантуркистњои болшевик љисман ва маънан
нобуд карданд. Бо зўру заљр тољикро ўзбек кардан ўро ба нобудии
маънавї, ба бемаънавиятї бурдан буд.
Пас инќилоб моро аз киву аз чї озод карда будааст, ба мо
чї дода будааст? Як љавоби ин суол ба пиндори камина он аст,
ки аз тољикият, аз тољик будан озод кард, нотољикї, туркият
овард.
Инќилоби болшевикї ва пантуркистњои болшевик хостанд
миллати тољикро дар Мовароуннањр ба тамом нест бикунанд,
вале натавонистанд. Ба онњо њамин ќадар муяссар гардид, ки
миллати тољикро як андоза ба роњи беимонї ва бемаънавиятї
дароварданд, имрўз кам-кам имконоте фароњам меояд, ки
миллат худро аз ин роњ берун бикашад, аз он «рањовардњо»
рањої ёбад. Њоло чунин имконе фароњам меояд ва лозим аст, ки
онро аз ќувва ба феъл оварем.
Њоло тољикони Фарорўд мехоњанд давлати миллї созмон
дињанд, то дардњои миллатро дармон бикунад. Албатта,
давлати миллї пушту паноњи тољикони кишварњои дигар, аз
љумла тољиконе, ки то андозае њувийят гум кардаанд, низ
мебошад, барои рушди мактабу маориф ва худшиносии миллии
онњо, барои таъмини ягонагии маънавии њамаи тољикони
кишварњои њамсоя кўшиш хоњад кард. Вале давлати миллии
тољикон муносибатњои сиёсии худро ба кишварњое чун Русия ва
Ўзбекистон на аз рўйи он чї гузашт, балки аз рўйи вазъи кунунї
ва ба хотири фардо бояд муайян намояд. Муносибати Љумњурии
Тољикистон бо Федератсияи Русия ва Љумњурии Ўзбекистон
бояд поя бар аќли салим дошта бошад, на бар кинатўзї. Он гоњ
давлати миллии тољикон метавонад вазифањои таърихии худро
дуруст иљро намояд.
Гузаштаро фаромўш набояд кард, вале гоњ лозим аст, ки ба
хотири имрўзу фардо чашм аз гузашта бипўшем.
Он чї мо аз љиноятњои болшевикон ва пантуркистњо
андаке ёдовар шудем ва шаммае гуфтем, маќсад он нест, ки
дар дили миллат нисбат ба русњо ва ўзбекњо тухми адоват
бикорем, балки он аст, ки миллат таърихи худро бидонад, аз