Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
261
Баёни «бетарафонаи» муаллиф дар ин маврид як усули тасвир
мебошад, ки махсусан интихоб ва бо маќсадњои дур аз наљобат
истифода гардидааст. Он чї мунаќќид Норбой Худойберганов
ќайд карда буд, њаргиз њодисаи тасодуфї нест. Вай гуфта буд:
«Ќањрамонони романи М. Мањмудов аксаран баёнгари афкору
андешањои муаллифанд» («Вопросы литературы», 1987, № 1,
сањ. 64). Ин сухани мунаќќид њаќ асту рост. Фаќат бояд илова
кунем, ки на танњо ќањрамонони мусбат, балки агарчи аљиб ва
ѓайри одат аст, персонажњои манфї низ чунин вазифаро иљро
кардаанд: нависанда аќидањои худро бо як навъ пофишориву
устуворї аз забони персонажњои бисёре ба талќин меорад ва
аксаран миёни назари муаллифу назари персонаж фарќ
намондааст, њатто персонажњои манфї гоњ аќидаи муаллифро
ифода мекунанд. Манфуртарин гуфтањои персонажњо низ
аќидаи муаллифро ифода мекунанд.
М. Мањмудов љавобан ба аппонентњои худ дар мактуби
саркушодаи ба номи «Сафед сиёњ нахоњад буд» («Оќ ќора
бўлмайди»//Шарќ юлдузи, 1989, № 12) мегўяд, ки сухани
персонажњои манфиро ба нависанда нисбат додан мумкин
нест. Бешак, ба ин гап розї шудан даркор аст, зеро њатто аз
суханони персонажњои мусбат њам на њамеша падидањои
кайфияти муаллифро љустан љоиз аст, чї љои суханони
персонажњои манфї. Вале камина бар инам, ки романи М.
Мањмудов «Ќуллањои љовид» ба њар њол аз ин љињат истисност.
Бисёр љолиби диќќат аст, ки М. Мањмудов дар ин бораи дар
мактуби саркушода ишорањои аљибе дорад. Чунончи, ў аз
суханони персонажи манфии худ, ки «Муродбеки љоњил» ном
гирифта буд, мисол овардааст, ки мегўяд: «Агар манѓит бошед,
чаро ба забони бегона гап мезанед?... Мирзо Бедил, Зебуннисо
Бегим, Хисрави Дењлавї барин шоирон њам ўзбеки софхун
њастанд, яъне турканд. Инро дар ѓазалњои худ њам даќиќу
равшан гуфтаанд. Аммо забони модарии худро гузошта, ба
форсї ѓазалњо навиштанд. Сабаби инро чї мегўед? Албатта,
сабаб он аст, ки дар хона ба форсї сухан кардаанд». Њангоме
ки нависанда ин суханњои персонажро овардааст, ваќте ки дар
бораи шоирони бузурги гузашта, ки аслан турк буда, барои
ифодаи дарди дили худ форсї-тољикро истифода кардаанд,
сухан рондааст, ўро ибораи «классикони тољик» ба хашм