Муњаммадљони Шакурии Бухорої
280
таърихи халќи тољик мебошанд. Вале аз чї сабаб бошад, ки ин
њаќиќат ба доираи диќќати муаллифи «Тангкўчањои Бухоро»
надаромадааст.
Асќад Мухтор ёдрас меорад, ки љамъияти «Тарбияи
атфол» мактабњои усули нав кушод, вале гўё фаромўш мекунад
бигўяд, ки њамаи он мактабњои пўшидаву кушода мактаби тољикї
буданд. Дар байни персонажњои эпизодии повест туркман,
барлос, тотор, афѓон, эронї (форс) ва дигарон њастанд, ки
нависанда мансубияти милливу этникии онњоро њар дафъа
таъкид кардааст, вале калимаи «тољик» ё «тољикї» дар ин ќисса
дучор намеояд. Тасаввуре пайдо мешавад, ки дар Бухорои
ибтидои садаи XX тољике намондааст.
Шояд барои устувор кардани ин тасаввур бошад, ки
нависанда баъзе љузъиёт, номњо ва истилоњоту мафњумњоро каму
беш дигар карда, ба ўзбекї наздик овардааст. Чунончи, мардуми
Бухоро аксаран «гузар» мегўянд, муаллиф онро фаќат «мањалла»
номидааст, номњои тољикии «Бозори ѓўза» ва «Бозори ќавола»-ро
«Ѓуза-бозор» ва «Ќавола-бозор» ба ќалам овардааст, «ќори
Дилкаш»-ро «Дилкаш ќорї», «ака-мулло»-ро «мулла-ака»,
«таѓой»-ро «тоѓа», «муллобача»-ро «муллавача» гуфтааст ва
њоказо. Хуллас, гўё дар љузъиёту реалияњо њам миёни мардуми
Бухоро ва масалан, мардуми Тошканд фарќе нест. Бегумон, ин
њама «бедиќќатї» нисбат ба љузъиёти назарногир кори
нависандаро ба сохтакорї кашидааст.
Мо аќида дорем, ки ќиссаи Асќад Мухтор на танњо бо ин
«майда-чуйдањо», балки бо тасвири вазъи умумї њам њаќиќати
таърихро нопурра ифода менамояд.
Воќеияти таърих дар асари бадеъї кам ё беш – ба кадом
андоза, ки вайрон шавад, барои падид овардани њаќиќат, хусусан
барои тањќиќи масъалањои муоширати байни миллатњо зарар
хоњад овард ва тамоюли ѓоявии асарро суст, ањамияти љамъиятии
онро кам хоњад кард. Пайванди дўстии халќњои мо бо эњтироми
якдигар, бо њаќќонияту самимият, бо миннатдорї аз њамдигар
устувор аст. Нияти нораво, назари яктарафаю рўякї,
«фаромўшхотирї» ва беэътиної, дар њаќќи баъзе падидањо
хомўш мондан, баъзе падидањои дигарро аз будашон зиёдтар
нишон додан ва монанди инњо асарро аз њаќќоният дур мебарад.
Њоло инњо мониаи љиддие дар роњи амиќбурди тадќиќи шуури