Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
289
мекард, ба безабтиву бетартибии кордорони ўзбек ишора
менамуд. Ў худ ва халќи худро ўзбек нагуфтааст, балки аз
сабаби он, ки мардум ба бесару сомонии иљтимоъиву сиёсии
ўзбекї гирифтор мондаанд, мардумро сифатњои ўзбекї нисбат
додааст.
Абдуќањњор Иброњимов мегўяд, ки соли 1972 дар зарфи 42
рўз дар Бухоро зиндагї карда онро њамаљониба омўхта буд.
Вале мо дар њайратем, ки ў дар ин муддат гўё њаргиз пай
набурдааст, ки мардуми Бухоро ва он вилоят ќариб њама (ба
гуфти мардумшиносони Ленинград, 80 фоизи ањолї) тољиканд
ва аз ќадим аљдоди тољикон буданд, имрўз њам ба тољикї њарф
мезананд. А. Иброњимов инро заррае пай набурдааст ва дар
эссеи калони ў, ки як сањифаи рўзнома аст, боре њам калимаи
тољик зикр нашудааст. Њама њастии Бухоро ба номи турку
ўзбек зикр гардидааст, њама Осиёи Миёна аз ќадим то имрўз
фаќат Туркистон ном гирифтааст ва муаллиф аз дигар номњои
таърихии ин сарзамин тамоман даст кашидааст.
Эссеи А. Иброњимов аз ин љињат њаммазмуни романи
Мањмадалї Мањмудов «Ќуллањои љовид» (1981) аст. Яке аз
фикрњои асосии романи М. Мањмудов ин буд, ки дар бораи
Бухоро ва кишвари Туркистони ќарни XIX гуфтааст:
«Ин сарзамин, ин кишвар ба ўзбекон тааллуќ дорад!
«Њама аз они ўзбекон аст!» (Шарќ юлдузи, 1981, № 10, сањ. 71).
Ѓояи асосии асари А. Иброњимов низ њамин фикри њамагирист!
Иброњимов таъкид менамояд, ки дар асри XVII дар
Бухоро 250 мадраса, 390 масљид, ќариб 500 корвонсарой, 350
њавз мављуд буд ва ин аз дараљаи баланди маданияти ин шањр
гувоњї медињад. Сабаби чунин ободонї, ба ќавли А.
Иброњимов, ин будааст, ки чунон ки аз забони Бухоро мегўяд,
«умуман ба сардорони давлати туркї (ба халќам њам, албатта)
иморат сохта завќ бурдан аз азал хос буд». Аз ин рў, А.
Иброњимов Манори Калони Бухороро «Манораи Арслонхон,
яъне Ката минора» номидааст, ки на ба воќеияти таърих, на ба
тасаввуроти халќ ва номи халќии он њеч мувофиќ намеояд.
Чунон ки аз таърих маълум аст, баръакс, хонњову бекњои турк
бо љангњо, бо юришњову њамлањои доимї мамлакатро хароб
менамуданд, заминњои киштро ба чарогоњ табдил медоданд, он
чиро, ки халќи мањаллии муќимї сохта буд, вайрон мекарданд.