Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
309
Оре, дуруст аст, ки Тољикистон дар чор-панљ соли охир бисёр
тољик талаф дод ва аз бисёр тољикон абадї ё муваќќатї људо шуд.
Ин њам дуруст аст, ки алъон шумораи ўзбекон дар Тољикистон
андак зиёд шудааст. Агар соли 1989 дар Тољикистон 1.197.841
ўзбек буд ва 23,5 фоизи ањолиро ташкил медод, аз рўйи
маълумоти Кумитаи омори љумњурї дар соли 1994 дар
Тољикистон шумораи ўзбекњо ба 1.390.518 расид ки 24,4 фоиз аст.
Он гуфтаи муаллифи рўзномаи «Ўртодуѓў» низ дуруст аст,
ки дар Тољикистон туркманњо, тоторњо ва дигар халќњои
туркинажод намоянда доранд. Чунончи, соли 1989 тоторњо 1,6
фоизро ташкил медоданд, соли 1994 адади онњо ба 0,9 фоиз расид.
Соли 1989 туркманњо 0,4 фоиз буданд, акнун 0,3 фоиз мебошанд.
Яъне љамъияти турманњо њеч гоњ на ин ки дањяк, балки садяки
нуфус њам набуд ва њоло боз камтар шудааст, зеро бисёре аз
туркманњо чун тоторњо, русњо ва ѓайра солњои охир аз
Тољикистон кўч бардоштанд.
Оре, дар асари воќиањои оѓози дањаи 90 дар Тољикистон
таносуби миллии ањолї дигаргунї пазируфт. Аз дањшатњои љанги
бародаркушї њамаи халќњои Тољикистон талафоти љониву молї
дод, зарарњои ногуфтанї дид. Вале бештар аз њама ба худи
тољикон зарар расид. Фољиаи солњои 90 ба сари њамаи халќњои
Тољикистон баробар омад, вале фољиаи миллии тољикон буд. Ва
дар таърихи онњо наќши носутурданї гузошт.
Бо вуљуди инњо шодмонии рўзномаи «Ўртодуѓў», ки гўё
акнун тољикон аз Тољикистон нест шуда истодаанд, гўё њамагї 35
фоиз мондаанд ва номи ин кишварро метавон дигар кард, заррае
асос надорад. Мо дар даст оморе дорем, ки он њама шодиву
хурсандии хомхаёлони пантуркистро бар бод медињад. Омори мо
ин аст:
Натиљаи саршумори ањолї, ки дар Иттињоди Шўравї дар
њар 10-12 сол сурат мегирифт, ба њама маълум аст. Аз рўйи
маълумоти расмии он саршуморњо тољикон дар Тољикистон соли
1970 – 1.630.000 нафар ва 56,2 фоиз, соли 1979 – 2.237.000 ва 58,8
фоиз, соли 1989 – 3.172.420 ва 62,3 фоиз буданд, яъне шумораи
онњо ба суръат меафзуд. Ин афзоиш њанўз давом дорад. Аз
маълумоти Кумитаи омор маълум мегардад, ки соли 1994
тољикон дар Тољикистон 3.832.494 тан буданд, ки 67,4 фоиз аст.