Муњаммадљони Шакурии Бухорої
322
аммо љумњурињои турки Осиёи Марказї, чунончи Ўзбекистон
чунин имконро камтар хоњанд дошт.
Андешаи Чичеринро Сталин написандид. Сталин аз тавон
ёфтани тољикон бештар хавфу хатар чашм дошт, на суд. Ў хост
ба пантуркистњо, ба вежа ба ўзбекпарастњо гузашт кунад.
Шикасти Русия дар љанги якуми чањон, суст шудани он бо ду
инќилоби соли 1917 ва харобињои љанги дохилї, инчунин марги
Ленин боиси ин гардид, ки халќњои турки Русия дар роњи
озодихоњї фаъолтар шуданд. Пантуркизм ќувват гирифт,
паниславизм нотавон шуд. Дар ин шароит лозим омад, ки
шўравї аз љумла ба панўзбекизми сахтфишор як андоза гузашт
кунад. Барои гузашт тољиконро ќурбон кардан даркор шуд.
Сталин њатто намехост барои тољикон замине људо
бикунанд, давлате тартиб бидињанд. Чун лоињаи марзбандии
соли 1924 ба Тошканд, ки маркази Туркистони Русия буд, омад,
дар ин лоиња пешбинї шуда буд, ки барои тољикон як вилояти
мухтори хурд дар њайъати љумхурии бузурги Ўзбекистон дода
шавад. Дар оѓози кори коммисиюни марзбандї, ки дар
Тошканд бо сарварии се нафари мазкур машѓулият сар кард, аз
тољикон намояндае даъват нашуда буд ва ширкат надошт.
Албатта, А. Рањимбоев ва Файзуллоњ Хоља тољик буданд, вале
якумї ба сифати намояндаи Маскав ва дувумї ба унвони
намояндаи халќи ўзбек ба он маљлис иштирок карданд.
Чунонки Камоли Айнї боре ёдовар шуда буд, он гоњ устод
Айнї дар Тошканд буд ва рўзи якуми кори комиссиюни
марзбандї хост, ки ба маљлиси он дохил шавад. Устод Айниро
ба маљлисгоњ даромадан нагузоштанд. Ба ў гуфтанд, ки ба
маљлис даъват нашудааст, ў њизбї, яъне коммунист њам нест, аз
ин рў њаќ надорад ба маљлис дарояд.
Он рўз чанде аз равшанфикрон ва шахсиятњои љамъиятии
тољик, ки дар Тошканд буданд, пеши бинои комиссиюни
таќсими њудуди миллї љамъ шуда буданд. Онњо ба идорањои
њизбиву давлатї рафта, барои тољикон њаќ талаб карданд.
Сарвари маънавии онњо устод Айнї буд. Афсус ки ин
њаќталошии миллатпарварони тољик њанўз тањќиќ нашудааст ва
дар њеч китобу маќолаи илмї хабаре аз он нест. Месазад, ки ба
пайљуйии ин ривоят ва ривоятњои дигар рухнамуд бошем, ки
намунае аз озодихоњии миллист. Ин талош он рўзњо гўё чандон