Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
265
идеализатсияи замонњои гузаштаро гўшрас карда буд, љавоб
гўён ба мо талќин менамояд, ки «Шумо дар роман акси њолро
мебинед». Нависанда чун далели даъво ин гуфтаи як
персонажро мисол овардааст:
«Осиёи Миёна њам аз дарун пўсида истодааст. Аз хате, ки
дин кашидааст, берун набаромадан, ба се давлати хония
таќсим шудан, ба забони худ фикр накардан, кушода мондани
сарњадњо исбот мекунад, ки Осиёи Миёна аз дарун пўсида
истодааст. Осиёи башўр монанди дарахтест, ки дар сањрои
беоб ба њоли бад расидааст».
Аз ин иќтибос њам аввало шуури имрўза нисбат додан ба
мардуми садаи гузашта дида мешавад. Инро лоаќал аз он
мебинем, ки ќањрамон «аз хате, ки дин кашидааст, берун
набаромадани» Осиёи Миёнаро гуфтааст. Ин як тасаввури
нимаи садаи XX аст, ки ба як шахси нимаи садаи XIX нисбат
дода шудааст. Дар нимаи дувуми ќарни XIX њатто нобиѓањое
аз ќабили Ањмади Дониш чунин андеша намеронданд, ки аз
баъзе ањкоми ислом ќатъи назар кардан мумкин аст. Афкори
атеистї баъдтар, пас аз Инќилоби Октабр, чунончи дар
аќидањои Абдуррауфи Фитрат пайдо шуд.
Бо вуљуди ин, чизи асосї дар он гуфтаи ќањрамон, ки
муаллиф дар мактуби саркушода маъќул донистааст, ин нест.
Чизи асосї дигар аст. Ба фикри нависанда, як сабаби аз дарун
пўсидани Осиёи Миёна дар нимаи садаи XIX њамоно «ба
забони худ фикр накардани» мардумон аст. Пас, ба фикри
персонажу муаллиф, мардумони Осиёи Миёна ба забони худ
фикр намекарда бошанд, ба кадом забон фикр мекардаанд? Аз
чандин љои роман маълум мешавад, ки он мардумон ба форсї,
яъне ба тољикї фикр мекардаанд. Албатта, барои халќњои
турки Осиёи Миёна, аз љумла барои ўзбекон форсиро ѓайри
забони модарї шуморидан мумкин аст. Лекин тољикон чї?
Наход, ки тољикон њам ба форсї фикр кунанд «ба забони худ»
фикр нахоњанд кард? Охир, форсї забони модарии онњост! На,
нависанда ва ќањрамони ў дар ин љои роман кайњо фаромўш
кардаанд, ки дар Осиёи Миёна тољикон њам њастанд. Ё ки
бовар доранд, ки тољикон њамон ўзбеконанд, ки агар ба форсї
гап зананд низ «ба забони худ фикр намекунанд».