Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
253
Маьлум аст, ки Осиёи Миёна як давраи тўлонї ба њайати
давлати Сосониён дохил буд. Аз ин сабаб њеч љои тааљљуб нест,
ки шояд номи Шофирком ба номи Шопур (эњтимол Шопури II)
алоќае дорад. Ба њар њол Шопуре он љо љўи калоне бароварда
будааст. Баьд «Шопурком» ба «Шофирком» табдил ёфтааст.
Ин гуна мисолњое, ки дар асл эронї, яьне тољикї будани
номи аксари мањалњои Ўзбекистони њозираро нишон медињанд,
хеле бисёранд. Њамаи номњои эронї номњои ќадимиянд ва дар
ќадимтарин маъхазњо сабт шудаанд, аммо номњои туркї дар
китобњои асрњои наздик бештар ба назар мерасанд, яьне асосан
баъдтар пайдо шудаанд.
Ин њам гувоњї медињад, ки дар он воњањо аз ќадим аљдоди
халќи тољик зисту зиндагї доштанд, дар тўли асрњо мардуми
тањљої ва сершумор буданд.
Тамоман дуруст аст, ки халќи тољик чандин аср боз бо
халќи ўзбек њампањлў зиндагї мекунад. Дар асрњои охир, асосан
дар асри XIX ва XX тољикону ўзбекон ба якдигар духтар
медоданд, ќудову анда мешуданд ва хунашон ба њам бештар
омехт. Аз ин сабаб урфу одатњо ва маданияташон торафт ба њам
наздик мешуд. Ин наздикиву монандиро баъзењо чунон эзоњ
медињанд, ки гўё ин њама ўзбеканд, њатто забонашон тољикї
бошад њам, худашон дар асл турк мебошанд. Шумо, мўњтарам
Алишер Хўља, низ њамин фикри беасосро пеш рондаед. Шумо
дониста ё надониста ба осиёи миллатгароён об мондаед.
Инкори мављудияти халќи тољик, њамаро турку ўзбек
номидан кайњо боз дида мешавад. Чунин инкор солњои 1917-
1924 дар Љумњурияти худмухтори Туркистон ва солњои 1920-
1924 дар Љумњурияти Халќии Шўроии Бухоро асоси сиёсати
расмии доирањои њукмронро ташкил кард. Дар ин љумњуриятњо
касоне дар сари кор буданд, ки њастии халќи тољикро инкор
карда, тољиконро маљбуран ўзбек менависонданд.
Бунёдгузори њизби љавонбухороиёни инќилобї Файзуллоњ
Хољаев аввали соли 1920 дар муќаддимаи барномаи ин њизб
тамоми ањолии аморати Бyxopopo «ќабилањои туркї» номида
буд. Ба аќидаи ў, гўё «ќабилањои туркиро аз љумла: кенагазњо,
манѓитњо, ўзбекњо, туркманњо ва тољикњо, ки асрњо боз дар
сарзамини Бухоро зиндагї мекунанд», ташкил медодаанд (ниг.
Архиви Институти илмњои љамъиятии Ўзбекистон, фонди 722,