Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
227
онњоро маљбур мекунанд, ки ба забони ўзбекї бихонанд. Чун
онњо забони ўзбекиро намефањманд, корњои таълиму тарбия
бисёр сахт ва балки пешрав нест. Як ќисм аз наттоќњо дар бораи
матбуот ва нашрияи миллатњои майда сухан карда гуфтанд, ки
мо аз идораи рўзномаи «Озод Бухоро» талаб кардем, ки барои
бурдани корњои фирќавиро дар байни миллатњои майда як
сањифаи рўзномаи мазкур ба забони тољикї нашр бишавад. Ин
талаби моро Окружкоми фирќа њам ќабул намуда буд. Бинобар
он, мо маќолањое чанд ба забони тољикї навишта, ба идораи
«Озод Бухоро» бурдем, ки ба рўзнома дарљ бикунанд. Вале аз он
љо ба мо љавоб доданд, ки шрифти тољикї нест ва њол он ки
рўзнома бо шрифти алифбои арабї чоп мешуд, ки вай барои
забони тољикї ва ўзбекї як аст... Гуфтанд, ки дар атрофи Бухоро
11 Шўрои тољикзабон њаст. Аввалан, ин шўроњо тамоман ба
забони ўзбекї кор мекунанд, сониян, дар њар љо ки шўрои
тољикї аст, халќи мањалли он љо худашонро тољик мегўянд, гўё
дар ин мобайн вайронкорї њаст...
Рафиќ Аббос Алиев дар сухани худаш баъзе аз санадњои
таърихро ёдоварї карда, ба таври хулоса ва асоснок нишон дод,
ки халќи аслии Бухоро тољиконанд, тољиконро дар ин љо аз
миллати майда њисоб кардан аз инсоф нест, чигуна ки дар аввал
буданд, њамин тавр њам њоло ва дар оянда онњо тољик
мебошанд».
1
Чунонки мебинем, дар охири дањаи бист дар Бухоро
муборизаи зидди пантуркизм идома дошт. Он солњо дар
Бухоро, Самарќанд ва дигар манотиќи Ўзбекистон калимаи
«майдамиллат» маънои тањќиромез пайдо карда буд ва
яњудиёну тољиконро ба тањќир майдамиллат мегуфтанд ва аз
бисёр љињатњо ба миллати ўзбек, ки гўё миллати асосї буд,
баробарњуќуќ намедонистанд. Њуќуќи тољикон поймол шуда
буд, дар њаёти иљтимої, дар мактабу маориф ва матбуоту
нашриёт ба тамом аз њуќуќ мањрум монда буданд. Баъзе
тољикњо аз бадномии «майдамиллат» шармида, худро ўзбек
менависонданд. Ошкор аст, ки Аббос Алиев барои дафъи
1
Ќосимов. Бухоро тољик ё ўзбак?// Тољикистони сурх, 1929, 12 январ.
Ин маќоларо љаноби Пайванди Гулмуродзода дар ихтиёри банда
гузошт, ки аз ин бобат сипоси бепоён арз мекунам.