Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
197
Дар шиносномањо, рањномаи сайёњон ва њатто дар
энсиклопедияи советии Ўзбекистон номи олимон, адибон,
њунармандони Бухорову Самарќанди асрњои гузашта аксаран бе
таъкиди он ки эшон намояндагони маданияти тољиканд, зикр
мегардад. Хонандаи ноогоњ гумон мекунад, ки модом онњо дар
Самарќанд ва ё Бухоро ба дунё омада дар он љо умр ба cap
бурдаанд, пас ба халќи ўзбек тааллуќ доранд. Њадаф аз нишон
надодани мансубияти миллии мардони таърих мањз гўл задани ин
тоифа мардуми нобалад аст.
Дар мавзуъњои таърихї низ ба њамин «дастур» асарњои
бадеї офарида мешаванд. Дар романњо, достонњо ва драмањои
нависандагони ўзбек, ки ба таърихи ќадиму љадиди Осиёи Миёна
бахшида шудаанд, тамоми таърих ба ўзбекон мансуб дониста
мешавад ва фаќат онњо чун мардуми тањљої зиндагию амал
мекунанд. Ѓояи асосии ин ќабил асарњоро як персонажи романи
М. Мањмудов «Ќуллањои љовид» луччаку пўстканда ифода
кардааст. Вай дар бораи аморати Бухоро ва кишвари Туркистони
миёнаи асри XIX чунин гуфтааст: «Ин замин, ин кишвар ба
ўзбекон тааллук, дорад! Њама азони ўзбекњост...» (маљаллаи
«Шарќ юлдузї», 1981, № 10, с. 71).
Чанд мисоли ин гуна таърихфањмиву таърихфањмониро аз
маќолаи камина «Дурустињо асоси ошноист» («Садои Шарќ»,
1990, № 2, сањ. 109-121) дидан мумкин аст.
Ин аст, ки шиори «тољик нест, мо њама ўзбек њастем», ки
солњои 20-ум хеле васеъ таблиѓ мегардид, солњои сї њам зинда
буду имрўз њам аз байн нарафтааст.
Нависандаи халќии Ўзбекиетон Мирмўњсин дар бораи
ёдгорињои оламшумули Бухорову Самарќанд чунин навиштааст:
«Сарзамини мо соњиби ёдгорињои бебањои таърихиву фарњангист,
ки аз гузаштаи пуршарафи халќи ўзбек шањодат медињад.
Регистон, Манораи Калон, Арк, маќбараи Исмоили Сомонї,
Кукалтош, расадхонаи Ўлуѓбек, мадрасањои бешумор, пулњо,
ќалъањо, ќасрњо… Офаридањои олиљаноб, ки барњаќ достонњое аз
санг, мусиќие аз санг номидаанд» (Мирмўњсин. За правду
истории//«Правда Востока», 7 июли 1989).
Дар ин љо Мирмўњсин њама осори таърихии Бухорову
Самарќанд ва чанде аз Фарѓонаву Тошкандро ном бурдааст. Њар
кас, ки аз таърих андак хабар дорад, медонад, ки нерўи асосии