Муњаммадљони Шакурии Бухорої
194
ќатъияти тамом чунин вазифа пеш гузошт: «Рўњи тољикиро аз
Бухоро нест кардан даркор аст, ба кадом роње, ки бошад, ба ин
маќсад расидан зарур аст». Сиёсати «нест кардани pўњи тољикї»
ва парвариши рўњияи ўзбекї дар њама љо ва дар њама риштањои
зиндагї - дар забон, адабиёт, санъат, маорифи халќ,
паспортнависї рўйрост ба амал љорї мегардид.
Дар Бухорову Самарќанд ба даст овардани паспорте, ки
миллати соњибаш тољик навишта шуда бошад, ќариб
имконнопазир аст. Дар даврони Рашидов дар ин љода баъзе
«нуќсонњо», «ислоњ» шуданд: аксарияти онњое, ки аз рўи
паспорташон тољик буданд, ногањон дар њуљљатњо ўзбек сабт
гардиданд. Як гурўњ - 40 нафар бошандагони ноњияи
Шофиркоми вилояти Бухоро дар мактубе, ки 31 декабри соли
1987 ба КМ ПК Тољикистон равон кардаанд, чунин менависанд:
«То солњои 50-ум дар њуљљатњои падару бобоёни мо миллаташон
тољик навишта шуда буд. Дар њамон солњо њуљљатњоро
(гувоњномањоии таваллуд) нав карданд. Дар натиљаи ин миллати
моён њам ўзбек шуда монд. Гўё акнун дар Бухоро тољик нест».
Дар чунин шароит одамон намехостанд, ки миллаташон дар
паспорт тољик навишта шавад. Дањњо сол боз шароите њукмрон
аст, ки одамонро маљбур месозад ба олами дурўѓу дурўягию
бемаънавиятї ќадам гузоранд, миллат ва забони модарии хешро
пинњон доранд ва њол он ки ин баробар аст ба он, ки аз халќи худ,
аз ватан, аз падару модар, аз њама муќаддасот даст бикашанд. Ин
нажодкушии њаќиќї – геносид аст, фаќат нажодкушии љисмонї не,
балки мудњиштар аз он - нажодкушии маънавию ахлоќист. Ин
сиёсатест, ки мањви маънавии инсонро дар њадаф дорад. Биноан
образи машњури романи Ч. Айтматов ба ёд меояд, ки халќеро ба
манќурт табдил медињанд...
Ин сиёсат чунин натиљањо овард: агар дар ибтидои солњои
бист дар њудуди имрўзаи Ўзбекистон аќаллан беш аз 2 миллион
тољикон зиндагї мекарданд, бино ба рўйхати соли 1979 онњо
594.627 нафар шуданд. Агар дар солњои аввали инќилоб тољикон
аз рўи шумораи умумї дар њудуди имрўзаи Ўзбекистон – он ваќт
РАСС Туркистон ва РХС Бухоро њатто ба омори расмии дуруѓин
дар љои дуюм бошанд, њоло дар њамон ќаламрав ба љои шашум
фаромадаанд ва соли 1979 фаќат 4 фоизи ањолиро ташкил доданд.
Њатто дар вилояти Бухоро соли 1979 тољикон ба эътибори