Муњаммадљони Шакурии Бухорої
184
Зарубин, соли 1920 дар Самарканд тољикон 54,4 фоиз, аммо
ўзбекон њамагї 4 фоизи ањолиро ташкил медоданд. Соли 1920 аз
41.839 нафар ањолии шањри Бухоро фаќат 8.646 нафарашон тољик
навишта шудаанд, аммо шумораи ўзбекон ба 27.823 расидааст.
Дар нимаи аввали солњои бист шумораи тољикон дар
Самарќанд 6 баробар, дар вилояти Бухоро 8 баробар кам гардид.
Инро аз маълумоти зерин, ки ба шумораи тољикони вилоятњои
навтаъсиси Самарќанду Бухоро оид аст, ба хубї дидан мумкин.
Бухоро: ибтидои солхои 20 - 160.000, соли 1924 - 42.482, соли
I926 - 22.387, соли 1959 - 16.026, соли 1970 - 19.585, соли 1979 –
19.728.
Самарќанд: соли 1916 - 236.957, соли 1920 - 120.361, соли 1926
- ? соли 1959 - 45,314, соли 1970 - 62,826, соли 1979 - 86.557.
Мо ин раќамњоро аз манбаъњои гуногуни расмї љамъ
овардем. Ќисми зиёди онњо дар маќолаи Р. Рањимов «Иван
Иванович Зарубин», ки дар маљаллаи «Советская этнография»
(№ I, соли 1989) ба табь расидааст, гирд оварда шудааст.
Бо кам шудани шумораи тољикон мутаносибан шумораи
ўзбекон меафзуд, зеро тољикон ўзбек навишта мешуданд.
Ќабл аз њама коммунистон бояд миллати худро ўзбек
навишта, ба дигарон намунаи ибрат нишон медоданд. Дар моњи
августи соли 1924 дар љумњурияти Бухоро 2.226 нафар коммунист
буд, ки аз љумла ўзбекњо 49 фоиз, русњо 22 фоиз, туркманњо 8
фоиз, тоторњо 5,5 фоизро ташкил медоданд, вале дар байнашон
ягон нафар худро тољик нанависонда-аст. Гузашта аз ин
коммунистони Бухорои Шарќї, ки ба аслу нажоди тољикии
ањолиаш њатто дар он замон касе шубња намекард, њама бидуни
истисно ўзбек нависонда шудаанд, яъне дар байни коммунистони
Бухорои Шарќї як нафар тољик набудааст! (ниг.: История
Бухарской Народной Советской Республики, сб. материалов.
Ташкент, 1976, с 162, 182). Ба ин минвол, аслу насаби ўзбекї, хоњ
воќеъї бошаду хоњ ќалбакї, нишонаи садоќати болшевикї ба
идеалњои коммунистї њисоб меёфт. Ўзбеконидани тољикон як
љузъи сиёсати миллии њизби коммунист буд.
Тањрифкорї, худсарию ќонуншиканї, даѓалона вайрон
кардани шартњои адлу инсоф дар тафаккури одамон наќши
дањшатангез мегузошт. Ба назар мерасад, ки мардум маљбур
шуданд ба талаботи берањмонаи ўзбеконидан poњи муросо пеш