Муњаммадљони Шакурии Бухорої
210
маъракаи мазкур, аниќтаращ 4 марти соли 1925 маљбур шуд
эътироф кунад, ки «масъалаи тољикон дар Ўзбекистон яке аз
масъалањои асосии сиёсї буда, таваљљўњи љиддии кулли
партияро талаб мекунад» (АП ЉШС Ўзб. захираи 58, номгўи
I, парвандаи 64, вар. 5) Дар боло дида будем, ки Зелинский
низ чунин заруратро, ки масъалаи таќсими худуди миллии
Осиёи Миёна бояд дар оянда дубора баррасї шавад, таъкид
карда буд.
Љиддияту шиддати ин масъала, ки њамон ваќт аз љониби
гунањкорони асосии он њама беадолатињо эътироф гардида
буд, имрўзњо бамаротиб афзудааст ва аз эњтимол дур нест, ки
оќибатњои ѓайричашмдоште аз пай орад.
Беш аз пеш маълум шуда истодааст, ки мувофиќи
љиддияти вазъият ќадамњои ќатъї гузоштан зарур аст.
Дар вилоятњои Тошканд, Намангон, Фарѓона ва
Сурхондарё барпо кардани ноњияњои миллии тољикї ба
вилоятњои худмухтор табдил додани Бухоро, Самарќанд,
Ќашќадарё ва Сурхондарё, таъсиси шўроњои дењот ва
ноњияњои миллии ўзбекї дар он мањалњои вилоятњои мазкур,
ки ўзбекон сарљамъ зиндагї мекунанд ва ѓайра метавонад
дар ин љода яке аз ќадамњои нахустин бошад.
Гузашта аз ин, чор вилояте, ки дар охир зикр гардид,
њамчунин ноњияњои тољикнишини онњо бояд воњиди яклухти
маъмуриро ташкил карда, соњиби мухторияти ягона бошанд,
ки ин албатта ба мављудияти таќсимоти муайяни дохилии
маъмуриву марзї халал нахоњад расонд. Ин гап чунин маънї
дорад, ки ба тољиконе, ки дар бисёр ноњияњои вилоятњои
мазкур сарљамъу яклухт зиндагї мекунанд, њуќуќи комили
худтаъйинї дода шавад, то ки онњо сарнавишташонро
худашон муайян карда тавонанд, на фаќат масъалањои
муњими фарњангї, аз ќабили кушодани мактабњои тољикї,
донишкадањо, институтњои илмиву тадќиќї, таъини
таносуби сањифањои тољикї, ўзбекї ва русии рўзномањо,
нашри маљаллањо, китобњои таълим ва ѓайра, балки
масъалањои инкишофи иљтимоъиву иќтисодї, масъалањои
муњити зист, экологияву демография ва монанди инњоро низ
худашон њаллу фасл кунанд.