Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
241
дар Сталинград сахт шикаст хўрд ва 300 њазор сипоњии ў бо як
фелд-маршал ба асорати Артиши Сурхи шўравї афтоданд,
Аббос Алиев гуфт: Ана ин кори зўр шуд! Лекин боз њам мо
нафањмидем, ки хуб шуд ё бад. Ба оњанги бетарафї гап зад.
Солњои баъд, њар гоњ ки он даврони донишљўйї ва
сўњбатњои Аббос Алиевро ба ёд меовардам, чанд бор ба
назарам чунон намуд, ки Аббос Алиев соли аввали љанг аз
шикастњои сахти артиши шўравї андаке хушнудї дар дил
дошт. Шояд сабаби хандидану хандонданњои ў њам њамин буд.
Њоло ба ин гумонам, ки аз замон розї набуд ва агарчи дар
бораи замон, дар бораи дирўзу имрўзи кишвари шўравї ва
муборизаи солњои бисту сї, аз саргузашти худ чизе ба забон
намеовард (ва мо њам чизе намепурсидем), аз оњанги баъзе
гапњояш пай бурдан мумкин буд, ки ў дигар он коммунисти
суботкор нест, ки дар вафоти Ленин зор гириста буд. Боре
террори соли 1937 ва мурофиаи «душманони халќ»-ро ба ёд
оварда, бо тамасхур гуфт, ки он «душманони халќ» ба
чалакњои равѓан мех андохтаанд, то ки мардумони советї
хўранду муранд. Аз ин истењзои Аббос Алиев ошкор гардид, ки
он роњу равишеро, ки сарварони шўравї дар дањаи сї доштанд,
намеписандад.
Ман намедонистам, ки Аббос Алиев солњои љанг ханўз
узви Њизби коммунистии шўравї буд ё солњои зиндонї
шуданаш ўро аз њизб берун карда дигар ба њизб ќабул накарда
буданд. Њоло аз санадњои бойгонии Тољикистон маълум аст,
ки ў то соли 1936 узви Њизби коммунистї будааст. Дар
пурсишномаи мазкур, ки соли 1954 пур карда буд, дар моддаи
«партийность» (њизбият) навиштааст: б/п, яъне
«безпартийный» - бидуни узвияти њизбї. Ин љо масъала
равшан аст. Вале ба назари мо донишљўён чандон равшан
набуд. Гоњ мо медидем, ки рафтору гуфтори ў дар он солњо, ки
ба мо дарс медод (солњои 1941-1945), њеч ба рафтору гуфтори
коммунист монандї надошт.
Инак, воќиае, ки барои фањмидани рўњияи онваќтаи
Аббос Алиев ва аќидањои ў хеле муњим аст.
Он рўз, ки мо ба Аббос Алиев аз таърихи СССР имтињон
медодем, дар имтињонгирї Очилов ном муаллими мо низ
иштирок кард. Очилов муаллими асосњои марксизм-ленинизм,