Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
337
њастии онњо то андозае суст шуд, онњо аз асли худ як каме дур
шуданд. Бино бар ин, баргаштан ба асли худ, расидан ба
асолати фарњангї аз шартњои асосии баќои умри таърихии
онњост. Дар давраи истиќлол устувории њувийяти миллї ва
аслияти фарњангї, расидан ба саргању сарчашмањои
маънавии худ нахустин вазифаи асосист. Фарњанги миллї ва
истиќлоли фарњангї зербинои љомиаи тозабунёди тољикон
хоњад буд. Фарњанги омадаи аврупої, ки Сайид Ањмадхољаи
Аљзї ба назар дорад, ба сифати як љузъи рўбино хизмат хоњад
кард.
Давлати соњибихтиёри тољикон њанўз хурдсол аст ва
акнун ба пойи худ роњ рафтан меомўзад. Љумњурии
Тољикистон дар сохтмони фарњангї ва иќтисодї, сиёсат ва
ќонунгузорї, таъини асосњои њуќуќии љомиа ва ѓайра дар
бештари мавридњо аз дигарон намуна мегирад, бештар роњи
таќлид мепаймояд. Аз ин роњи таќлид ба сарманзили маќсуди
миллї расидан душвор аст. Бештар аз њазор сол аст, ки
аљдоди мардуми тољик дар илми сиёсат ва њуќуќ, дар таљрибаи
кишвардорї, худидораи мањаллї ва ѓайра дастовардњои бузурге
гирд овардаанд. Имрўз давлати миллии тољиконро бо
назардошти андўхтањои таърихии илмиву амалии миллат
метавон бар по гузошт. Мо бояд демократия ва созмондењии
давлати њуќуќбунёд, эњтироми њуќуќи башар ва шахсияти
инсон, фарњанги олии маънавї, фанну фанноварї (техникаву
технология) ва ѓайраро бояд аз љањони имрўз, аз кишварњои
Ѓарб ва Шарќ биёмўзем, лекин њастии таърихии мо бояд пояи
миллї дошта бошад. На аз дирўзи худ монем, на аз имрўзи
љањон. Њам бо дирўзи худ бошем, њам бо имрўзи љањон.
Дар остонаи њазораи дувум давлати мутамаддини
Сомониён аз байн рафт ва тољикон аз давлати бузурги миллї
мањрум шуданд. Баъдтар давлатњое чун давлати куртњо ва
сарбадорон ба по омад, ки баъзе хусусиятњои давлати
миллиро дошт, лекин давлати миллии фарогир набуд.
Инак, дар остонаи њазораи се Љумњурии Тољикистон дар
майдони таърихи миллат ќомат рост кард. Байни давлати
Сомониён ва истиќлоли Тољикистон фосила расо њазор сол