Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
299
тољикї дигар нашуд. Дар љамеъи давлатњои хонияи туркї
ўзбекњо њукмрон буданд, аммо забони давлатї забони форсии
тољикї буд, њатто дар давлатњои Темур, Улуѓбек ва Бобур њам
корњои давлат ба њамин забон љараён дошт, асарњои таърихї,
адабиёти бадеъї ба њамин забон ба вуљуд оварда шуд».
Чунин тасаввур, ки форсї дар Осиёи Миёна танњо ба
ќувваи анъана њукм меронд, яке аз он тасаввуроти ботил аст,
ки ба њаќиќати таърих мувофиќ намеояд. Сабаби асосии
њукмронии форсї дар доирањои расмї ва илму адабиёт он буд, ки
халќи тољик дар Мовароуннањр ададан бартарї дошт. Халќи
тољик халќи асосии тањљойии кишвар буд, бино бар ин чи Темур,
чи Улуѓбеку Бобур ва хонњои баъдии ўзбек маљбур буданд, ки
вазъиятро ба назар гирифта, дар доираи расмият асосан
форсиро љорї доранд.
Тољикон дар тўли таърихи асримиёнагии Мовароуннањр
њамеша мардуми асосии муќими он буданд ва дар бунёди
маданияти олии он, дар тараќќии илму адабиёт, шањрсозї,
њунарњои халќї (дуредгарї, заргарї, мисгарї, зардўзї,
мусиќиву раќс ва њоказо) наќши асосї бозидаанд.
Аз солњои бист боз ин њаќиќатро рўйрост ва пурра инкор
карда истодаанд. Инак, Шароф Рашидов гуфта буд:
«Ансамблњои меъмории Самарќанд, Бухоро, Хева ва дигар
шањрњо ёди меъморону бинокорони барљастаи ўзбекро то њол
зинда медоранд» («Правда», 27 окт. с. 1967). Ин гапро ба чї
маънї бояд фањмем? Маънои ин гап њамин аст, ки тољикон ба
осори меъмории Самарќанду Бухоро њаќ надоранд, ба дигар
соњањои фарњанги бостонии ин шањрњо низ бояд даъво
накунанд. Чунин њукм на танњо аз тарафи Шароф Рашидов
содир шуда буд, балки бисёр олимону адибону
рўзноманигорон ба њамин маънї сухан меронанд. Аз эссеи
Абдуќањњор Иброњимов низ мањз чунин маънї мебарояд.
Баъзе рафиќони маскавї њам ба онњо лаб мемонанд. Ба
њамин наздикї дар як газетаи марказї хондем, ки гуфтаанд:
«Тошканд, Самарќанд, Тирмиз, Бухоро фаќат нуќтае дар рўйи
харита нестанд. Њар кадоме аз онњо як механизми мураккаби
љамъиятист, ки дар пайвандгоњи ду тамаддуну фарњанг –
тамаддуну фарњанги туркии исломї ва славянии насронї ба
вуљуд омадаанд» (Анд. Кружилин. Клан//Литературная газета,