Муњаммадљони Шакурии Бухорої
12
гузашта дар хусуси покизагии забони адабии тољик аз
љониби фозилоне чун Т. Зењнї, Р. Њошим, мутарљимони
маъруф Њ. Ањрорї, Њ. Ирфон, Эм. Муллоќандов мегирад.
Академик М. Шакурї пайваста тањаввулот ва
такомулот, њар падидаи матлубу номатлуби забони муосири
тољикро мавриди омўзишу тањќиќ ќарор медињад. Њанўз
соли 1964 дар маќолаааш «Њар сухан љоеву њар нукта маќоме
дорад» дар маљаллаи «Шарќи сурх» (њоло «Садои Шарќ»)
масъалањои муњими забони адабии тољик ва истифодаи онро
дар матбуоти тољик ба риштаи тањќиќ кашида, соли 1968 бо
илова, такмилу тањрири тоза дар шакли китоби људогона бо
њамон ном ба чоп расонда буд. Чопи дувуми он соли 1986 ва
нашри севумаш соли 2005 сурат гирифт, ки иборат аз 400
сањифа аст.
Ин асар як навъ љамъбасти илмии он њама фикру
андешањост, ки дар давоми зиёда аз ним аср аз тарафи
суханшиносон, адибон, мутарљимон доир ба нуќсонњои
забони матбуот, асарњои бадеии тарљумавї баён шудаанд ва
он ягона асари мукаммале, ки тамоми нуќсонњои забони
расонањои хабариро аз лињози луѓавї, калимасозї, сарфию
нањвї ва услубї бо далелњои шайъ собит менамояд.
Бино ба мушоњидањои даќиќ ва пайгиронаи муаллиф
як миќдор ѓалатњои забони матбуот бо таъсири забонњои
бегона, ба вижа забони русї, дар натиљаи тарљумаи осору
аснод, муоширати озоди намояндагони забонњои гуногун
аввал ба гуфтугў ва лањљањо, баъд ба забони адабї роњ
ёфтаанд. Чунин таъсири номатлуб на танњо дар истифодаи
калимаю истилоњот, балки дар унсурњои калимасозї,
шаклсозї, ибораю љумлабандї низ мушоњида мешаванд.
Сабаби аввали ба забони меъёрї вуруди баъзе унсурњои
грамматикиро (оид ба – оиди, нисбат ба – нисбати, вобаста
аз, вобаста ба, новобаста аз, новобаста ба, вобаста аз ин (он)
ки, вобаста ба ин (он) ки, вобаста аз ин (он) ки, новобаста ба
ин (он) ки, бо дарназардошти, бо назардошти, бо
дарназардошти ин (он) ки, бо назардошти ин (он) ки, ба…
нигоњ карда, ба… нигоњ накарда, ба ин (он) нигоњ карда, ки
ба ин (он) нигоњ накарда ки) ва ќолабњои ибораю
љумлабандии носањењро аз забони гуфтугўйи озоди мардум,