Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
27
дар ду дањаи оѓозини садаи бист, то моњи апрели соли 1917
таърихи равшангарї ва маорифпарварии тољикї бояд донист.
Љадидони њавзаи Бухоро то соли 1917 ва бисёре пас аз он
њам «инќилоби фикрї» ва «инќилоби илмї» мехостанд. Инро
мо имрўз инќилоби фарњангї меномем. Инќилоби фарњангї аз
диди љадидон як раванди сулњомез ва натиљаи як тањаввули
тадриљии фарњангї буд. Истилоњи «инќилоби иљтимоъї», ки
гоњ дар адабиёти љадида, чунончи дар навиштањои устод Айнї
дучор мешавад, натиљаи ислоњоти сулњомези иљтимоъиву
сиёсї, инчунин натиљаи тањаввули тадриљии фарњангиро ба
назар дошт. Љадидон натиљањои бузурги равандњои нави
маорифпарварї ва иљтимоъиву сиёсиро инќилоби иљтимоъї ба
шумор меоварданд. Вале ба аќидаи банда, мо имрўз он
инќилоби ормонии љадидонро бояд инќилоби фарњангї
биномем. Аз ин рў, ба фикри мо љунбиши равшангариву
маорифпарвариро, ки аз Ањмади Дониш сар шуда, то соли 1917
давом кард, таърихи инќилоби фарњангї, инќилоби
маорифпарварї бояд номзад бикунем.
Аз ин дидгоњ бояд гуфт, ки устод Айнї дар китоби
«Таърихи инќилоби Бухоро» таърихи љунбиши
маорифпарварии тољикии њавзаи Бухороро баён кардааст, на
таърихи инќилоби болшавикиро. Дар Бухоро равандњои
иљтимоъиву сиёсие, ки љомиаро ба инќилоби болшевикї
биоварад, вуљуд надошт. Ин нукта аз љониби муњаќќиќони рус
низ дар бањс бо Ф. Хољаев дар њамон солњо таъкид ёфта буд. Ва
аз китоби Айнї ба ин њаќиќат бовар њосил мекунем.
Ба гуфти устод Айнї халќ ба инќилоб омода набуд.
Устод дар бораи соли 1918, ки сардори њукумати шўравии
Туркистон Фёдор Колесов ба Бухоро њамла оварда, инќилоб
карданї шуд, гуфтааст: «Љавонон (љавонбухороиён –М. Ш.)
дар он рўзњо ба дењќонон ва ба сарбозони Бухоро низ фирефта
шуда буданд. Љавонон гумон мекарданд, ки дењќонон ва
сарбозоне, ки аз љабру зулми њуќумати Бухоро љон ба лабашон
расидааст, бо андак њаракати мо ба моён њамроњ шуда, барои
ба даст даромадани талабњои мо, ки айни муддао ва манфиати
онњост, ёрї хоњанд дод. Њол он ки дењќонон ва сарбозњо ба
њадде зери занљири зулму ситам фишурда шуда буданд, ки
маљоли њаракат кардан надоштанд. Ба замми ин, муллоњои