Муњаммадљони Шакурии Бухорої
68
Айнї сабаби онро, ки пас аз инќилоб ба Бухоро
барнагашта ва бо њукуматдорони пантуркисти Бухоро
њамкорї кардан нахост, чунин эзоњ додааст, ки «дар сари
Комитети Иљроияи Марќазї ва Совети Комиссарони Халќии
Бухоро одамони шубњанок буданд».
1
Ин љо Айнї Мўъминљон
Аминовро, ки чанд гоњ раиси КИМ буд ва Файзуллоњ Хољаро,
ки сарвазир-раиси СКХ буд, дар назар дорад. Айнї онњоро ба
нармї “одамони шубњанок” номидааст, ва њол он ки медонист,
ки масалан Файзуллоњ Хоља одами зарарнок аст.
Ин њам маълум аст, ки Айнї бо Файзуллоњ Хоља
муносибати хуб надошт. Муносибати нохуби Айнї бо Файзуллоњ
Хоља соли 1916 ё апрели 1917 оѓоз ёфт, ки дар масъалаи
ислоњотхоњї ва пешвози фармони ислоњот маорифпарварон ба ду
гурўњ таќсим шуданд ва Айнї ба гурўњи зидди Файзуллоњ Хољаву
Мунзиму Фитрат даромад. Ин ихтилофи миёни Айнї ва
Файзуллоњ Хоља то охири умри Файзуллоњ давом дошта, гоњ-гоњ
мубоњиса мекарданд. Ин сардии байни онњо аз ихтилофи маслакї
сар зада буд. Устод Айнї аз аввал муќобили мароми сиёсии
Файзуллоњ Хоља буд ва ин ихтилоф то охир давом кард.
Муносибати Айнї ба «инќилобиёни Бухоро», ба
Файзуллоњ Хоља ва њукумати шўравии ў њаргиз чунин маънї
надошт, ки ў ба муќобили инќилоб ва њокимияти шўравї
будааст. Айнї њар се инќилоби Русия - инќилоби соли 1905,
инќилоби феврал ва октабри соли 1917-ро бо хушнудї пешвоз
гирифт. Ба вежа пас аз он ки моњи апрели 1917 аз дасти
љаллодони амир 75 чўб хўрд ва моњи марти соли 1918
хунхорони амир додари Айнї - Сирољиддини маорифпарварро
куштанд, дар натиљаи чунин фољиањо, ки ба сари худи ў ва
пешќадамони љомиа омад, ў рўњияи инќилобї пайдо кард.
Айнї аз соли 1918 ба хидмати инќилоб камар баст ва
фаъолияти маорифпарварии ў ранги инќилобї гирифт. Айнї
чанд суруд дар васфи Инќилоби октабр навишт, ки аз якумии
он, аз «Марши њуррият» (ё «Суруди озодї»), ки моњи ноябри
соли 1918 сурудааст, адабиёти инќилобии тољикї оѓоз ёфт. Аз
навиштањои Айнї намоён аст, ки ў аз барњам хўрдани низоми
манѓитии Бухоро, аз он роњу равиш, ки дар инќилоб пеш
1
С. Айнї. Куллиёт, љ.1, с. 94.