Муњаммадљони Шакурии Бухорої
100
Љалол Икромї дар бораи Аббос Алиев (Аббоси
Ализода) хеле маълумоти муњим дода, аз љумла гуфтааст, ки
Аббос Алиев «дар Бухоро бо Файзулло Хољаев ва дигарон
дастбагиребон буд». Яъне бо баъзе аќидањои Файзуллоњ Хоља
ва сиёсати њукумати ў розї набуд ва бо ў сахт мубориза
кардааст. Љалол Икромї афзудааст: «Дар хотир дорам, ки
Аббос Алиев боре бо рафиќонаш дар Бухоро шўриш барин
њодисаро барпо кард. Њама мактабњо ва одамони гузарњоро ба
по хезонда, ба кўча намоиш ташкил дод. Маќсад њамин буд, ки
мактабњои Бухороро тољиќї кунанд! Дар њаќиќат, пас аз
намоиш таќрибан њамаи мактабњои Бухоро ба забони тољикї
баргардонида шуданд»
1
.
Оре, ин шўриш, ки Љ. Икромї дар охири умр аз солњои
љавонї ба ёд овардааст, яъне як умр фаромўш накарда
будааст, даъвоњои Р. Масов ва масовиёне чун Ѓ. Ашўровро,
ки нисбат ба равшанфикрони Бухоро (ва Самарќанд ва
Хуљанд ва Истаравшан ва ѓайра) вожањоеро чун
«предательство», «трусость», «лживость», «беспринципность»
ба кор мебаранд,
2
ба ќатъият рад мекунад. Оре, оре, чунонки
Љ. Икромї гуфтааст Аббос Алиев «бо рафиќонаш» амал
мекард, яъне танњо набуд, чандин нафар талош мекарданд,
яъне на фаќат Файзуллоњ Хоља, балки муќобилони
тољикгарои ў низ гурўњ доштанд ва гоњ ба танњої, як нафар-
ду нафар, гоњ гурўњ-гурўњ мубориза кардаанд. Ба Аббос
Алиеви таблиѓгари суханвар бо муборизаи дастљамъї
муяссар шуд, ки «њама мактабњо ва одамони гузарњо»-ро ба
по бихезонад ва ба њаќталабии иљтимоъии миллї сафарбар
бикунад.
1
Љ. Икромї. Он чї аз сар гузашт// Садои Шарќ.-2006.-№ 3.-С. 39-40.
2
Р. Масов сифатњои «хиёнаткорї», «буздилї», «дурўйї»,
«беаќидатї»-ро нисбат ба зиёъиёни Бухоро кор фармуда буд, ки
гўё онњо пеш аз инќилоб ба манѓитиён ва пас аз инќилоб ба
пантуркистњо фурўхта шуда, ба миллати тољик хиёнат карданд,
хоини миллатфурўш мебошанд. Ниг.: Р. Масов. Наследие
мангытской власти или о предательстве, трусости, лицемерии и
беспринципности как позорных явлениях нашей истории.
Душанбе, 2002. Ин музахрафотро банда дар баъзе аз навиштањои
худ бо чандин бурњон рад кардам.