Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
107
буданд. Банда дар ин бора мадорики кофї ба даст надорам ва аз ин
рў, чизе наметавонам бигўям. Аммо дар ин бора ки гўё зиёъиёни
тољик солњои бисти садаи бист њама ё ќариб њама пантуркист шуда
буданд, манфиатњои миллати худро фаромўш карданд,
натавонистанд, ки миллатро сарварї бикунанд, бо ќатъияти тамом
мегўям, ки ин даъво низ ба тамом бебунёд аст. Зиёъиёни тољик, хоњ
онњое, ки пеш аз инќилоб љадиду маорифпарвар ба шумор
мерафтанд, хоњ онњое, ки баъдтар ба майдон баромаданд, дар
солњои бист чи барои њимояи манфиатњои миллии мардуми тољик,
чи дар рањбарї ба муборизаи миллии озодихоњии тољикон, чи
барои њимояи њуќуќи њаммиллатони худ мубориза кардаанд ва гоњ
сахт ва фидокорона ба пайкор даромадаанд. Инро надидан ва
гуноњњои баъзе фарзандони нохалафи миллатро ба њама зиёъиён
нисбат додан нињояти беинсофист ва рў гардондан аз адолати
таърихист. Мардони майдонро номард хондан худ номардист.
Дуруст аст, ки чун тобистони соли 1924 дар Тошканд
комиссиюни таќсими њудуди миллии Осиёи Миёна ва таъсиси
љумњурињои миллї кор сар кард, намояндагони мардуми тољик
дар ин комиссиюн натавонистанд бо ќатъият амал ва манфиатњои
миллати тољикро њимоя кунанд. Аз аввал дар ин комиссиюн аз
тољикон намояндае набуд. Баъд дар як зергурўњи комиссиюн се
нафар тољикро роњ доданд, лекин дигар ваќт намонда буд, ки ин
намояндагон барои мубоњиса омода шаванд. Љуз ин, ба назар
мерасад, ки фармондењони маъракаи марзбандї намояндагони
мардуми тољикро маљбур карданд, то наќшаи аз Маскав омадаи
марзбандиро дастгирї бикунанд ва хилофи он нараванд. Ќарори
Бурои осиёимиёнагии Кумитаи Марказии Њизби Коммунистии
(болшевикии) Русия – Средазбюро ЦК РКП (б) дар бораи манъи
бањсу мунозираи перомуни таќсими њудуди миллї чунин маънї
гирифт, ки наќшаи Сталин дар марзбандї «хатти машйи њизб»
(«линия партии») њисоб шуд ва бањс ба сари он мумкин набуд. Ба
вежа пас аз он ки Абдуллоњ Рањимбоеви туркпараст – котиби
якуми њизби коммунистии Туркистони Русия сардори зергурўњи
тољикон таъйин шуд, аъзои гурўњи тољикон Чинор Имомов,
Абдурањим Њољибоев ва Мусо Саъидљановро лозим омад, ки ба
дастгирии санаде, ки пешнињод шуда буд, сухан бигўянд.
Албатта, он гоњ мубориза дар роњи њаќталабии миллии
мардуми тољик идома дошт, лекин на дар маљлиси комиссиюни