Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
37
Дар номае, ки Файзуллоњ Хоља аз номи Њизби
љавонбухороиёни инќилобї ба номи Ленин навишта буд, хабар
медињад, ки «инќилоб дар Бухоро пухта расидааст»
(«назревание революции в Бухаре») ва илтимос мекунад, ки ба
инќилобиёни Бухоро кўмак кардан лозим аст.
1
Нишонањои «пухта расидани инќилоб дар Бухоро», ки
дар ин нома зикр шудаанд, ѓайр аз ишора ба тиражи
таблиѓномањо, ин аст: Дар Бухоро 12 гурўњи нињонкори
инќилобї њаст, ки таблиѓ мебарад. Ин гурўњњои пинњонкор
«ячейка» номида шудаанд. Яке аз ин «ячейкањо» дар байни
посбонони Арки амир кор мекардааст. Дар Самарќанд,
Каттаќўрѓон, Ќаршї, Шањрисабз, Китоб, Ѓузор, Чорљўй ва
дигар шањрњо низ созмонњои пинњонкор будаанд.
Дар ин љо, инчунин дар дигар навиштањои Файзуллоњ
Хоља ва дигар муаллифон боз њам аз таъсиси гурўњњои махфии
таблиѓкорї ва миќдори онњо сухан рафтааст, аммо гуфта
нашудааст, ки ин гурўњњо чї тавр кор карданд ва аз кори онњо
мушаххасан чї натиља њосил шуд. Аз навиштањои Файзуллоњ
Хоља маълум нест, ки аз он 12 гурўњи пинњонкор чанд гурўњ
тавонист фаъолияти худро то инќилоби соли 1920 идома дињад.
Аз гузоришњои солњои инќилоб метавон пай бурд, ки бисёре аз
ин гурўњњо аз тарафи њукуматдорони амир зуд ошкор ва
барњам дода шуданд.
Медонем, ки соли 1918 инќилобкори номдор Њусейн
Хољаев чун дар байни посбонони амир таблиѓот оѓоз кард, зуд
ба даст афтод ва вањшиёна кушта шуд
2
. Халилбек
Абдуљалилов, ки низ дар байни сарбозони амир кор сар кард,
зуд ба даст афтод.
3
Абдуллохоља (Абдуллохоља махдуми Тўразода), ки низ
аз инќилобкорони љасур буда, дар романи С. Айнї «Дохунда»
тасвир шудааст, ба гуфти устод охирњои апрели соли 1920
зиндонї ва кушта шуд.
4
Дар «Таърихи њизбњои коммунистии
Осиёи Миёна» низ гуфта шудааст, ки Абдуллоњхоља моњи
1
С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, с. 230
2
С. Айнї. Куллиёт. љ. II, ќ.2, с. 183
3
Ф. Ходжаев. Избранные труды, т. 1, с. 122
4
С. Айнї. Таърихи инќилоби Бухоро, с. 230