Муњаммадљони Шакурии Бухорої
52
зуд барои духтаронашон гањворабахш ё номзад биёваранд, то
ки ќозї он духтаронро ба никоњи номзадњо дароварда, аз
гирифторї озод бикунад. Падарон шод шуда, зуд барои
духтаронашон домодшаванда оварданд ва ќозї онњоро никоњ
карда, ба шањру дењи худашон фиристод. Ва ба амир ба ин
мазмун нома навишт, ки чанд заъифаро аз номи Љаноби Олї
озод карда, дар њаќќи Љаноби Олї дуо гирифтам ва њама як
умр Љаноби Олиро дуо хоњанд кард. Амир он гоњ дар Ќаршї
(Насаф) буд, ки ба Шањрисабз наздик аст. Амир аспи хашмро
тозиёна зада, ба Шањрисабз омад ва ќозї Абусаъидро бо худ
ба Ќаршї бурд. Дар роњи Ќаршї чї мушкиле рўй дод ва ќозї
Абусаъид бо заковату корсозї он мушкилро осон кард, ва бо
ин чорасозї аз ѓазаби амир рањої ёфт, амир аз гуноњи ў гузашт.
Шак нест, ки ин кори мулло Абусаъид, ба вежа ба навъе
худро аз ѓазаби амир халос кардани ў худ як ќањрамонии
камназир буд. Шунидаам, ки чунин корњо аз мулло Абусаъид
чанд бор ба вуќўъ пайвастааст.
Ќозї Абусаъидро фарзанде буд ба ном Ањмадљон
махдуми Абусаъидзодаи Њамдї. Ин Ањмадљони Њамдї дўсти
љонии Садриддини Айнї ва аз шогирдони Садри Зиё буда,
Садри Зиё дар «Тазкори ашъор» ном тазкираи манзуми худ
чанд шеъри Њамдиро ба унвони намунаи «шеъри нав» дар
њавзаи адабии Бухоро овардааст. Њамдї дар љунбиши љадидон
ширкат карда, соли 1908-и мелодї (1326-и ќамарї) бо
Абдулвоњиди Мунзим, Айнї, Њомидхољаи Мењрї дар Бухоро
мактаби усули љадид таъсис карданд. Аз он љо ки иддае аз
уламои расмї мактаби нави љадидони маорифпарварро
хилофи шаръи шариф дониста, њукуматдорон омўзгорон ва
шогирдони мактабро тањти таъќиб ќарор доданд, тавон гуфт,
ки маорифпарварон, Њамдї ва рафиќонаш чон ба каф гирифта
ба майдон даромаданд ва ин кори онњо низ як навъ ќањрамонї
буд. Ќањрамонии Њамдї баъдтар ба ављи аъло расид.
Њамдї моњи апрели соли 1917 бо дигар љадидон ба
Тошканд паноњанда шуд. Дар Тошканд Њамдї мисли бисёре
аз маорифпарварони гуреза ба љунбиши инќилобї пайваст.
Тобистони соли 1918 дар Тошканд чанде аз љадидони машњур,
аз љумла Азимљон Яъќубов, Мухторљон Саъидљонов (яке аз
дўстони Пайрав) ва Ањмадљони Њамдї Њизби коммунистии