Муњаммадљони Шакурии Бухорої
220
Мо ин матлабро пеш аз ин чанд бор гўшгузор оварда будем
1
ва
лозим донистем, ки ин љо њам аз гўшрас худдорї накунем.
Севум. Аз ин ёдмондаи Икромї маълум мешавад, ки
Аббос Алиев муборизи шўълавари зидди пантуркизм буда, дар
роњи њаќ ба нотарсї ва љонсупорї талош кардааст, ќобилияте
доштааст, ки љавонони њамиятмандро гирди худ љамъ биёварад
ва ба мубориза сафарбар бикунад, бо санъати суханварї
мардумони зиёдеро ба муборизаи миллии озодихоњї
бихезонад.
Аз ин рў, банда соли 2008 хидмати Љаноби Олї
Эмомалии Рањмон – Раиси Љумњурии Тољикистон пешнињод
кардам, ки номи Аббос Алиев дар ќатори онњое, ки унвони
олии «Ќањрамони Тољикистон»-ро доранд, сабт шавад.
Дар ёддоштномаи Љалоли Икромї, мутаасифона, гуфта
нашудааст, ки он намоиш ва шўриши Аббос Алиев кай рўй
дода буд. Аз рафти сухани Икромї њам ба тахмин замони
вуќўъи воќиаро дарёфтан имкон надорад. Банда дар рисолаи
«Фитнаи инќилоб» фикри худро чунин баён карда будам, ки ин
намоиш бояд соли 1922 ё 1923 рўй дода бошад.
1
Дар овони
љавонї аз хешовандон ва њамшањрињо як-ду бор ба гўшам
расида буд, ки соли 1922 ё 1923 дар Бухоро ѓалаёне сар зада,
мардум бар асари сиёсати пантуркистї ва зидди тољикии
њукумати инќилобии Файзуллоњ Хоља ба шўр омадаанд ва
бетартибињо кардаанд. Агар хато накунам, Љалоли Икромї
њамин рухдодро ба назар дорад. Имрўз банда ба ин андешаам,
ки дар Бухоро – он намоиши зидди пантуркизм, ки Аббос
Алиев сардорї кард, ба гумони ќавї соли 1922 рўй дода буд.
Шояд ин воќеа дар нимаи аввали соли 1922 рўй дода, дар
нимаи дувуми сол, моњи август-сентабр Аббос Алиевро ба
Маскав, ба Донишгоњи коммунистии зањматкашони Шарќ
фиристоданд, яъне аз Бухоро дуртар ронданд, табъид карданд.
Агар ин тахмини мо дуруст бошад, тавон гуфт, ба Маскав, ба
тањсил фиристода шудани Аббос Алиев як навъ љазо барои
ташкили шўриши зидди пантуркизм буд.
1
Ниг.: М. Шакурии Бухорої. Садри Бухоро.-Душанбе: Деваштич, 2005;
Фитнаи инќилоб//Озодагон, 2008.--№39--46.