Пантуркизм ва сарнавишти таърихии тољикон
7
љанг, ки худ ба азобе мезистанд, фидокорона кор карда,
моро аќлу њуш меомўхтанд».
Соли 1945 дар арафаи хатми донишкада
Мухаммадљони Шакуриро рўзномаи «Тољикистони сурх» ба
кор, вазорати маориф ба навиштани китобњои дарсї даъват
ва вазорати корњои хориљї идомаи тањсилро дар мактаби
дипломатии Маскав пешнињод кард, ки пас аз хатми он
мактаб ба кори дипломатї машѓул шавад. Институти
таърих, забон ва адабиёт низ хостори идомаи фаъолияти
илмии вай дар ин даргоњ шуд. Устодаш Носирљон Маъсумї
ўро дар донишкадаи омўзгорї ба кор гирифт. Вале чун моњи
августи соли 1945 дар Кўлоб Донишкадаи муаллимии дусола
таъсис ёфт, вазорати маориф ўро ба он љо фиристод. Бо
сабаби беморї баъди як соли муаллимї бо тавсияи
пизишкону кумаки Абдулѓанї Мирзоев ва амри Бобољон
Ѓафуров, ки котиби Кумитаи Марказї буд, боз ба Душанбе
баргашт. Ба Донишкадаи омўзгории Душанбе ба кор
даромада, солњои 1945-1953 аз адабиёти ќадим, забони
тољикї, хониши ифоданок (хониши матн), равиш
(методика)-и омўзиши забону адабиёт дарс гуфт. Њамин
тариќ, кам не, дар 65 соли омўзиши забону адабиёт ва
таъриху фарњанги пурѓановати тољик комёбу муваффаќ
гардид. Истеъдоди фитриву ќобилияти беандоза, баракати
илму дониш соњибномаш гардонд. Аз муаллими одии
унвонљўй то ба дараљаи доктори улуми филология,
профессор, академики АУ Тољикистон расид. Њарчанд дар
оѓози роњ барои устоди роњнамояш Холиќ Мирзозода
пешпояш доданд, вале ноумед нагардид. Ба хотир меоварад,
ки «он солњо Тољикистон ба љуз устод Айнї се адабиётшинос
дошт: яке Абдулѓанї Мирзоев, дигаре Холиќи Мирзозода ва
севумї Шарифљони Њусейнзода. Хости замон ин буд, ки
онњо чун њама нависандагон, устодони донишгоњњо ва дигар
кормандони соњаи идеология аз якдигар айби сиёсї биљўянд
ва айби якдигар бигўянд. Замон њамаро бо њам ба талош
андохта буд. Њама аз зери нохуни якдигар чирк мекофтанд.
Аз раќобати илмиву эљодгарї асаре наменамуд, танњо
айбљўйии сиёсї дар миён буду бас. Муноќишае, ки дар сари
осори Аљзї бархост, низ дар асл як падидаи раќобати он се