Зарубежная литература
  • формат pdf
  • размер 3,12 МБ
  • добавлен 21 ноября 2014 г.
Тоиров У., Зикиров Х., Мўсоев М. Адабиёти тоҷик. Синфи 7
Китоби дарсӣ. — Нашри аввал. — Душанбе: Мавлавӣ, 2008. — 320 с.
Муқаддима
Адабиёт як навъи санъат буда, дар тафовут аз меъморӣ, наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, гулдўзӣ, рассомӣ, мусиқӣ, театр, кино, рақс ва суруд ҳаёти воқеиро бо сухан тасвир мекунад. Адабиёт калимаи арабӣ буда, шакли ҷамъи «адаб» аст ва маънои фазилатҳои маънавӣ (одоб, хулқи нек, хушгуфторӣ, хушнависӣ ва ғайра)-ро дорад. Адабиёт ба маънои васеъ ва маҳдуд фаҳмида мешавад. Агар адабиёти сиёсӣ, илмӣ ва ғайра дар назар дошта шуда бошад, ин фаҳмиши адабиёт ба маънои васеъ аст.
Агар адабиёти бадеиро дар назар дошта бошем, маънои маҳдуд ё мушаххасаш он аст, ки маҷмўи асарҳои бадеиро дар бар мегирад. Адабиёти бадеӣ ҳақиқати хаётро ба воситаи тасвири манзара ва нақшҳои бадеӣ дар симои одамон, табиат, шароиту муҳити зист инъикос менамояд. Нақшҳои бадеӣ манзараҳои ҳаёти зоҳирӣ ва ҳолати ботинии инсонро фаро мегиранд. Адабиёти бадеӣ донишҳои моро дар бораи таърихи гузашта, тамаддун ва фарҳанги ватанию ҷаҳонӣ зиёд мекунад. Аз мутолиаи адабиёти бадеӣ мо бо тасвирҳои пурранги бадеии офаридаи нависанда вомехўрем, ки онҳо хулқу рафтори намуна доранд ва мо аз онҳо ибрат мегирем. Нақшҳои наҷибу барҷастаи адабиёти бадеӣ моро дар рўҳияи накўкорӣ, покизаахлоқӣ, баинсофӣ ва раҳмдилӣ, вафодорию садоқат, меҳнатдўстию рағбат ба илму ҳунар, шарафмандию ҳисси ифтихор, инсондўстию меҳанпарварӣ, боиродагию мубориза дар роҳи расидан ба мақсад, боҳимматию ҷавонмардӣ, нотарсию ростқавлӣ, ҷасурию шуҷоатмандӣ, хуллас, рафтори ҳамидаи инсони тарбия намуда, ниҳод ва тинати моро аз танбалӣ, ҳирсу ҳасад, бухлу кина, бадбинию беадолатӣ, маҷмўан аз тамоми хислатҳои нафратовар тоза мекунад.