Курси лексия (нашри дуюм бо таҳриру иловаҳо). — Душанбе: ДДОТ ба
номи Садриддин Айнӣ, 2014. — 259 саҳ.
Дар раванди тайёр намудани мутахассисони касбии соҳаи таърих
баробари аз худ кардани таърихи халқи тоҷик омӯхтани фанни таърихи
умумӣ низ мақоми махсус дорад. Мақсади асосии омӯхтани таърихи
умумӣ ин шинос шудан бо таърихи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии халқҳо
ва мамолики ҷаҳон мебошад. Он ба муҳаққиқони оянда қонуниятҳои
раванди таърихи ҷомеаи ҷаҳониро равшан менамояд.
Масъалаи бо забони давлатӣ пурра таъмин набудани китобҳои дарсӣ аз таърихи умумӣ муаллифонро водор намуд, ки курси мазкурро ба нашр пешниҳод намоянд.
Курси лексияи Таърихи Россия (охири асри XVII - ибтидои асри XX) натиҷаи фаъолияти чандсолаи педагогии муаллифон мебошад. Курси мазкур масъалаҳои рушди иктисодӣ – иҷтимоӣ, сиёсати дохилию берунӣ, муборизаи табақавӣ, таърихи раванди афкори ҷамъиятии халқи рус ва ҳаракатҳои инқилобию муборизаҳои озодихоҳиро дар давраи пӯсидашавии сохти феодалӣ ва ташаккулёбии сохти сармоядории Русия меомӯзад.
Дар баробари ин, дар китоб нуқтаи назари арбобони сиёсӣ, ҷамъияӣ ва илмию адабии Русия ҷой дода шудааст.
Курси лексия ҳолати имрӯзаи илми таърихи Россияро инъикос намуда, ҳангоми таҳия намудани он дар баробари адабиёти Шӯравӣ аз адабиёти дарсӣ ва тадқиқотии илмии замони муосир низ истифода шудааст.
Баъзе масъалаҳои давраи мазкури Таърихи Россия дар тадқиқот ва таълифоти бархе аз олимон ва муҳаққиқони тоҷик, хусусан он масъалаҳое, ки ба таърихи Осиёи Миёна муштаракан тааллуқ доранд, инъикос ёфта, оид ба он рисолаю китобҳо ба табъ расидаанд. Аммо бо забони русӣ таълиф ёфтани аксарияти онҳо ва дар баробари ин, барои ҳамаи донишҷӯён дастрас набуданашон, дар асоси адабиёти таълимию илмии мавҷудбуда, аз Таърихи Россия тайёр намудани чунин воситаи таълими мувофиқи матлаб мебошад.
Курси лексия барои донишҷӯёни факултетҳо ва бахшҳои таърихи донишгоҳҳо ва коллеҷҳо пешкаш мегардад. Он давомдиҳандаи курси таърихи Россия аз замонҳои қадимтарин то охири асри XVII буда, аз рӯи масъалабандии воқеияти замон ба фаслу бобҳои алоҳида тақсим карда шудааст.