Душанбе: Эр-граф, 2010. — 512 саҳ.
Китоби дарсӣ мафҳумҳои асосӣ, институтҳо ва соҳаҳои ҳуқуқи
байналхалқиро ҳамаҷониба баррасӣ намудааст.
Ба масоили таносуби ҳуқуқи байналхалқӣ ва миллӣ таваҷҷуҳи хос дода шуда, тавсифи роҳҳои амалигардонидани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, аз ҷумла хусусиятҳои татбиқи бевоситаи онҳо дар фаъолияти суд ва дигар мақомотҳои давлатӣ, нақши санадҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд нишон дода шудааст.
Китоби дарсии «Ҳуқуқи байналхалқӣ» барои донишҷўён ва аспирантони ихтисоси ҳуқуқи байналхалқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон №7/16 аз 2 июли соли 2009 тавсия карда шудааст.
Ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамчун низоми мустақили ҳуқуқ асосан дар нимаи дуюми асри XX, яъне бо таъсиси СММ, ки таҳаввулоти азимеро дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ба вуҷуд овардааст, ташаккул ёфта, аз маҷмўи меъёр ва принсипҳое иборат аст, ки танзимгари муносибати байни субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад. Омўзиши ҳуқуқи байлалхалқӣ ҳамчун фанни таълимӣ аз қарни XIX ибтидо мегирад, ки дар шароити имрўза барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти хосса дорад. Дар ин маврид бояд зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз муносибатҳои хориҷаи хешро бар асоси усул ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, қабл аз ҳама баробарҳуқуқии ҳамаи субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ва риояи соҳибихтиёрии давлатҳо ба роҳ монда, истиқлолияти дигар кишварҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд. Дар ин маврид бояд зикр кард, ки санадҳои ҳуқуқи байналхалқие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳад ва дар баробари ин онҳо муайянкунандаи муносибатҳои хориҷии давлат мебошанд, ки чунин вазъ омўзиши ҳамаҷонибаи ҳуқуқи байналхалқиро тақозо мекунад. Баъдан омўзиши ҳуқуқи байналхалқӣ дар чунин шароит, ки «замони муҳоҷират» ном дорад, барои кулли мардуми сайёра, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон аз аҳамият холӣ нест, зеро дар аксар мавридҳо поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва ё аз надонистани қонунгузории кишвари истиқоматдошта сарчашма мегирад. Ва билохира, эълон намудани Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурати омўзиши ҳатмии ҳуқуқи байналхалқиро ба вуҷуд овард.
«Замони мо замони муттаҳид сохтани саъю талошҳо ва ба ҳам овардани кўшишҳои муштарак дар самти ҳаллу фасли масоили умдаи инсоният аст, ки созмонҳои минтақавию байналмилалй таҷассумгар ва ҳамоҳангсози чунин фаъолиятҳо мебошанд. Аз ин ҷост, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар кори ин созмонҳо ширкати фаъолона дошта, хоҳони густариши ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони конфронси исломӣ ва Созмони ҳамкориҳои иктисодӣ аст. Мо равобити созандаи худро бо тамоми институтҳои байналмилалии молиявӣ ҳамоно тақвият хоҳем бахшид. Мо чун узви комилҳуқуқи созмонҳои байналхалқӣ бояд дар асосии риояи қотеонаи санадҳои умумибашарӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо манфиатҳои олии миллат ва давлат амал намоем, ҷузъиёти мушаххаси ширкати Тоҷикистонро дар фаъолияти ин созмонҳо пешбинй созем».